26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:44, Душанбе
19.09.2026 15:14

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар Синин: шиносоӣ бо Чини муосир аз тариқи «Насли Z»

Дар шаҳри Синини музофоти Синхайи Чин барномаи табодулию омӯзишии «Насли Z»-и кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Дар он беш аз 40 намояндаи расонаҳо ва ҷавонони кишварҳои минтақа иштирок доранд.

Барномаи «Ҳамдилона ба сӯйи оянда — 2026: насли Z-и Осиёи Марказӣ ба пойтахти тобистонаи Чин» аз 16 то 21-уми сентябр баргузор мешавад. Маросими расмии оғози он 17-уми сентябр дар Синин баргузор гардид, ки дар он як гурӯҳ журналистон ва блогерон аз Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ин барнома наздиктар кардани ҷавонон ва намояндагони ҷомеаҳои расонаии Чину Осиёи Марказӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муколамаи мустақим миёни насли ҷавон гуфта мешавад.

Аз Синин то фарҳанги Синхай

Дар доираи барнома иштирокчиён аз як қатор мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии Синин дидан мекунанд. Аз ҷумла, онҳо ба Маркази намоишгоҳи шаҳрии Синин, Боғи ҳайвоноти ваҳшии Синин, Осорхонаи фарҳанги тибби тибетии Синхай ва Осорхонаи мероси фарҳангии ғайримоддии Синин мераванд.

Дар барнома шиносоӣ бо ҳунарҳои суннатии маҳаллӣ низ пешбинӣ шудааст. Иштирокчиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳунарҳои кандакорӣ, сохтани лавозимоти суннатӣ ва дигар намунаҳои мероси фарҳангии минтақа шинос хоҳанд шуд.

Қисмати дигари барнома ба шиносоӣ бо иқтисод ва рушди муосири Синхай бахшида шудааст. Меҳмонон аз ширкатҳо ва корхонаҳои минтақа, аз ҷумла бахшҳои марбут ба энергетикаи тоза ва технологияҳои сабз, боздид мекунанд. Дар барномаи боздидҳо, инчунин, шиносоӣ бо усулҳои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ пешбинӣ шудааст.

Сафари ҷавонон ба пайроҳаи “Шоҳроҳи Абрешим”

Синин яке аз минтақаҳои муҳимми таърихии Синхай ба шумор меравад. Ин шаҳр дар водии Ҳуанхэ ҷойгир буда, бо роҳҳои қадимии тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла бахшҳои Шоҳроҳи Абрешим, роҳи Тан-Тибет ва роҳи Чой-Асп иртиботи таърихӣ дорад.

Маҳз ҳамин заминаи таърихӣ яке аз меҳварҳои барномаи «Насли Z» мебошад. Ҷавонони Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи нишастҳо ва дидорҳо масъалаи нақши ҷавонон дар рушди робитаҳои минтақа ва сохтмони «Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим»-ро баррасӣ мекунанд. 

Барои ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ин барнома ҳамчунин, имкони шиносоӣ бо ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони Синхай ва фарҳанги маҳаллиро ба вуҷуд меорад.

«Пойтахти тобистона» дар маркази таваҷҷуҳ

Сининро дар Чин бо унвони рамзии «Пойтахти тобистона» мешиносанд. Тибқи гузориши “China News Service”, ҳарорати миёнаи тобистонаи шаҳр аз 20 дараҷа камтар аст.

Шаҳр ҳамзамон дар минтақаи баландкӯҳи Тибет ҷойгир буда, бо табиати кӯҳӣ ва мавқеи худ дар масири таърихии робитаҳои Чин бо Осиёи Марказӣ маъруф аст.

Дар ҷараёни сафар иштирокчиён на танҳо бо фарҳанг, балки бо сиёсати ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисодии минтақа низ шинос хоҳанд шуд.

ВАО ва ҷавонон ҳамчун пайвандгари халқҳо

Ташкилкунандагон ин барномаро майдони муколамаи мустақими ҷавонон ва намояндагони расонаҳо арзёбӣ мекунанд.

Як намояндаи барнома дар маросими оғоз гуфт, ки ВАО метавонад дар таҳкими фаҳмиши мутақобилаи мардумони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории расонаҳо метавонад ба бозтоби дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҷавонон мусоидат кунад.

Барномаи «Насли Z» дар Синин то 21-уми сентябр идома мекунад. Иштирокчиён дар ин рӯзҳо бо фарҳанг, табиат, мероси таърихӣ ва бахшҳои иқтисодии Синхай аз наздик ошно шуда, таҷрибаи сафари худро тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба кишварҳои худ мерасонанд.

Баргузории чунин барномаҳо нишон медиҳад, ки робитаҳои Чин ва Осиёи Марказӣ танҳо ба сатҳи ҳамкориҳои давлатӣ маҳдуд намешаванд. Ҷавонон, рӯзноманигорон ва созандагони муҳтавои интернетӣ низ ба яке аз каналҳои муҳимми шиносоии мустақими ҷомеаҳои ду минтақа табдил ёфтаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.