Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти кишвар бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Имрӯз, 17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
Таъкид мегардад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.
“Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Манбаъ навиштааст, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”