27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
16.09.2026 15:49

Инъикоси тавофуқномаҳои баимзорасида аз дурбини расонаҳои Корея: “17 созишнома” аз кирмакпарварӣ то ҳуши маснуъӣ

Расонаҳои кореягӣ робитаҳои сиёсӣ ва тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳошияи самити “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея”  ба инъикос кашида, онро  ба  дар сатҳи шарикии ҳамаҷониба арзёбӣ кардаанд.

Расонаи “Ёҳан” (Yonhap) менависад, ки рӯзи 16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз 11 сол, ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ барои ширкат дар самити “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” - 5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ”) ба шаҳри Сеул сафар карданд.

Дар мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷе Мён 17 созишнома ба имзо расид. Созишномаҳои баимзорасида, ҳамкорӣ дар самтҳои роҳи оҳан, энергетика, зеҳни сунъӣ, маъданҳои муҳим ва мубориза бо ҷинятҳои фаромиллиро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷе Мён гуфт, Сеул омода аст, барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси “шарики боэътимод” мусоидат намояд. Ӯ зикр кард, ду кишвар метавонанд ҳамкориҳои худ дар бахшҳои роҳи оҳан, маъданҳои муҳим ва технологияҳои рақамиро густариш диҳанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистон бо Кореияи Ҷанубиро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

17 созишнома ва густариши робитаҳои нав

Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои мулоқоти дуҷонибаи ду президент имзои 17 созишнома ва тафоҳумнома буд. Дар миёни ин созишномаҳо се санади ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан ба имзо расид, ки барои рушди ин соҳа хеле муҳим мебошад. Расонаҳои кореягӣ таъкид намуданд, ки Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон мехоҳанд дар бахшҳои навсозии роҳҳои оҳан, технологияҳои соҳавӣ, омодасозии мутахассисон ва идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ ҳамкорӣ кунанд. Як санади баимзорасида ба бунёди роҳи зеризаминӣ ё трамвайи шаҳри Душанбе рабт дорад. Ҳар ду тараф барои амалӣ шудани бунёди трамвай дар шаҳри Душанбе ба созиш расиданд. Тарҳи бунёди роҳи трамвай дар Душанбе тайи чанд соли ахир аз ҷониби мақомоти тоҷик матраҳ мешавад. Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ вобаста ба ин лоиҳа таҳқиқотҳои аввалияи худро анҷом додааст. Ҳамчунин, ду ҷониб барои рушди нассоҷӣ, саноати сабук, кирмакпарварӣ, коркарди пӯст, маҳсулоти ғизоӣ ва саноати кимиё ба созиш расидаанд.

Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар меҳвари гуфтугӯ

Яке аз самтҳои муҳим, ки дар доираи имзои созишномаҳои нави Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ зикр шудааст, ҳамкорӣ дар бахши рушди зеҳни сунъӣ мебошад. Бар асоси созишномаҳои баимзорасида, ду кишвар ният доранд табодули иттилооти илмӣ ва технологиро зиёд намуда, пажӯҳишҳои муштарак анҷом диҳанд. Созишномаҳои дигаре, ки ба имзо расиданд, ба ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ имкони ворид шудан ба бозори Тоҷикистонро медиҳанд. Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ мехоҳад таҷрибаҳои саноатӣ ва технологияҳои пешрафтаи худро дар бахшҳои саноатӣ ва рақамии Тоҷикистон ба кор гирад.

Шабакаҳои барқӣ “ҳушманд” мешаванд

Дар мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дар бахши энергетика яке аз мавзуҳои асосии густариши ҳамкориҳои дуҷониба буд. Таъкид шуд, ки ширкати “Korea Electric Power Corp” ва Тоҷикистон барои густариши шабакаҳои барқии “ҳушманд” ҳамкорӣ хоҳанд кард. Насб кардани ҳисобкунакҳои фосилавӣ, рақамикунонии шабакаҳо ва истифодаи системҳои захиракунии неруи барқ, аз ҷумлаи самтҳои пешбинишуда мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ин кор коҳиш додани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо мебошад.

Захираҳои маъданӣ дар маркази таваҷҷуҳи ширкатҳои ҷопонӣ

Сарони ду кишвар дар ҷараёни мулоқот густариши робитаҳо дар бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахши коркарди захираҳои маъданӣ дар баробари энергетика ва технология ба яке аз сутунҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар оянда табдил хоҳад ёфт. Ҳамчунин, ду ҷониб дар самти рушди содирот шартнома ба имзо расоданд, ки он заминаи густариши савдо ва сармоягузории дуҷонибаро фароҳам мекунад.

Афғонистон ва мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ

Масъалаи мавқеи географӣ ва ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти сарони ду кишвар махсус таъкид шуд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марз дорад. Бо ин далел, Сеул ва Душанбе барои густариши ҳамкориҳои амниятӣ ба созиш расиданд.

Ҳамчунин, мақомоти полиси Кореяи Ҷанубӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масъалаи мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ густариш медиҳанд. Ҳамкориҳо дар бахши ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноиянд ва мубодилаи молиявӣ оид ба шустушӯи пул ва маблағгузории терроризм низ яке аз самтҳои ҳамкории дуҷониба дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар соли 1992 робитаҳои дипломатиашро оғоз кард. Соли 2015 сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ боз шуд. Кореяи Ҷанубӣ бошад, моҳи марти соли 2021 намояндагии дипломатии худ дар шаҳри Душанберо то ба сатҳи боз кардани сафорат боло бурд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.