Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар 70-умин Конфронси генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуда истодааст
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 70-умин Конфронсигенералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия 14-уми сентябр оғоз шуда, то 18-уми моҳи ҷорӣ идома меёбад, иштирок намудаистодааст.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кишвари мо таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Нигина Ализода бо шумули муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода сафарбар шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар назар аст зимни Конфронс кишварҳои узви АБНА роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои истифодаи бехатар, амн ва сулҳҷуёнаи технологияи ҳастаӣ дар саросари ҷаҳон мубодилаи афкор намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”