27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
15.09.2026 18:25

Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд

Як таҳлилгари исроилӣ менависад, ки Амрико дар ҳоле аз пирӯзӣ дар муқобили Эрон ҳарф мезанад, ки Пентагон аз коҳиши захираи аслиҳа хабар медиҳад. Дар канори он, нархи нафт ба 110 доллар афзоиш ёфта, гузаргоҳҳои стратегии Ҳурмуз ва Бобулмандаб дар зери муҳосираи неруҳои ҳомии Эрон қарор гирифтааст.

Реми Йеҳер, таҳлилгари исроилӣ дар сомонаи “Қазияи марказӣ” навишт, пирӯзии Амрико дар муқобили Эрон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки мушкилоти таъмини муҳимоти ҷангӣ ва афзоиши хароҷоти низомӣ мушкилоти стратегӣ барои Амрико эҷод намудааст.

Таҳлилгари исроилӣ дар мақолаи худ  ба гузориши нозири кулли Вазорати ҷанги Амрико ишора карда, зикр мекунад, ки ҷанг бо Эрон ба кам гардидани захираҳои муҳимоти ҷангӣ ва халалдор шудани занҷираи таъминот оварда расондааст.

“Пентагон барои ҷуброни ин камбудӣ водор шуд, ки хариди силоҳро суръат бахшад, захираҳои ашёи хом ва ҷузъҳои муҳимми низомиро зиёд кунад ва истеҳсоли муҳимоти ҷангиро тезонад”- менависад таҳлилгари исроилӣ.

Тибқи иттилои расонаҳо, хароҷоти иқдомҳои ҷангии Амрико то кунун тақрибан 33,4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ки 22,3 миллиарди он барои харидани муҳимоти ҷангӣ сарф шудааст. Зикр мешавад, ки 50 ҳазор низомии Амрико дар ҷанг ширкат дошта, 18 нафар кушта ва беш аз 750 нафар маҷруҳ шудаанд.

Ин арқом аз ҷониби таҳлилгари исроилӣ нашр шуд. Бархе расонаҳои ғарбиву шарқӣ омори талафоти низомиёни амрикоиро бештар аз ин медонанд.

Таҳлилгари исроилӣ иддао мекунад, ки дар ҷараёни амалиётҳои низомӣ талафоти таҷҳизоти низомии Амрико низ назаррас будааст. Ӯ ишора мекунад, ки дар ин ҷанг 6 ҳавопаймои ҷангӣ осеб ё нобуд шудаанд. Ҳамчунин, 12 ҳавопаймои сӯзишворӣ ва 9 ҳавопаймои дигар аз кор мондаанд. Зикр мешавад, ки дар чаҳор моҳи аввали ҷанг 30 ҳавопаймои бесарнишини MQ-9-и Амрико аз ҷониби Эрон сарнагун шудаанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон пойгоҳҳои низомӣ, системаҳои дифоӣ, марказҳои иттилоотӣ ва иншооти радарии Амрико низ осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки пойгоҳи низомии Амрико дар Кувайт пурра вайрон шудааст.

Таҳлилгари исроилӣ менависад, ки мушкилоти Амрико фақат ба хароҷоти низомӣ маҳдуд намешавад. Тибқи арзёбии ӯ, истифодаи босуръати муҳимоти пешрафтаи ҷангӣ ба қобилиятҳои дифоии Амрико дар дигар минтақаҳо метавонад таъсири манфӣ гузорад. Гуфта мешавад, ин вазъият метавонад ба қудрати боздорандагии Вашингтон дар муқобили Чин таъсир гузорад. Ӯ зикр мекунад, ки барои истеҳсоли мушак ва дигар силоҳҳои пешрафта метавон ба зудӣ сармоя ҷалб кард, вале барои истеҳсоли он вақт ва неруҳои бештар лозим мешавад.

Дар ин таҳлил таҳлилгари исроилӣ ба афзоиши нақши Яман дар муодилаи амнияти минтақа ишора менамояд. Зикр мешавад, агар фишор ба тангаи Ҳурмуз ва ҳам Бобулмандаб афзоиш ёбад, интиқоли нафту мол дар минтақа метавонад бештар осеб бинад. Гуфта мешавад, ин вазъият метавонад ба болоравии нархи нафт, нақлиёт ва суғурта ва ҳамчунин, ба ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ дар масири канали Суэс таъсири манфӣ гузорад.

Таҳлилгари исроилӣ ишора мекунад, ки миёни ҳадафҳои эълоншудаи Амрико ва натиҷаҳои ҷанг фарқи зиёд вуҷуд дорад. Тибқи арзёбии ӯ, Амрико бо ҳадафи эҷоди қудрати боздорандагӣ ва заиф кардани Эрон ҷангро оғоз кард, ки ҳоло Пентагон аз коҳиш ёфтани захираҳои муҳимоти ҷангӣ ва мушкилоти таъминоти неруҳо хабар медиҳад.

Рами Йеҳер мегӯяд, ин вазъият суол ба вуҷуд меоварад, ки дар натиҷаи ҷанг кадом ҷониб қавитар ва кадом ҷониб заифтар шудаанд. Ӯ дар қисмати дигари мақолаи худ менависад, ки дар Амрико ва кишварҳои дигар интиқодҳо дар хусуси масъулияти сарвазирии Бенямин Нетаняҳу ва паёмади сиёсатҳои ҷангталабонаи ӯ бештар шудааст.

Таҳлилгари исроилӣ ба ин назар аст, ки баҳс дигар фақат ба ихтилофҳои дохилии Исроил маҳдуд нашуда, метавонад барои ҳукумати Тел-Авив ба як масъалаи ҷиддии сиёсӣ табдил шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.