27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
12.09.2026 09:12

Дар садамаи нақлиётӣ як кас фавтид ва шаш нафар наҷот дода шуд

11-уми сентябр дар километри 129-уми шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ рух дод.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автомашинаи тамғаи JBS, ки таҳти идораи шаҳрванд Худойназараров Маҳмаднаби, сокини деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ қарор дошт, аз роҳ берун шуда, ба садама дучор гардидааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар дохили автомашина ҳамсари ронанда Ҷӯраева Холбика низ қарор доштааст. Дар натиҷаи садама ҳар ду нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, Ҷӯраева Холбика дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагон маҷруҳонро аз дохили автомашина берун оварда, ҷасади шахси фавтидаро низ берун карданд. Шаҳрванди зарардида ва ҷасади шахси фавтида ба Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол дода шуданд.

"Вобаста ба ҳолати мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъиян риоя намуда, суръати ҳаракатро ба шароити роҳ мутобиқ созанд", - зикр мегардад дар иттилоия.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.