Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҷонибек Ҳикмат ва Мигел Моратинос масъалаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC-ро баррасӣ карданд
9-уми сентябр намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулл, намояндаи олии Иттиҳоди тамаддунҳои СММ (UNAOC) Мигел Моратинос вохӯрӣ намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC, ба вежа амалисозии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмонро оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, ҷонибҳо вобаста ба дурнамои иқдомоти муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ташкили конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба мақсади оғоз бахшидан ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” суҳбат карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”