27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
08.09.2026 16:24

Пешвои миллат: “Таҷрибаи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст”

Имрӯз, 8-уми сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, нахуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Манбаъ навиштааст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар хотираи таърихии миллати тоҷик солҳои нахустини давлатдории навин ҳамчун давраи ниҳоят душвор ва пуртазод нақш бастаанд. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари нобудии давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи он рӯзҳо табдил ёфта буд.

Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олиро, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаи мо - нуқтаи гардиши сарнавишт ва оғози бунёди давлати нави миллӣ номиданд.

“Ман дар он рӯзҳои барои кишварамон сарнавиштсоз изҳор дошта будам, ки куҳандиёри мо - Тоҷикистони азиз бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ёбад ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу осоиш зарур аст”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат аз қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат зимни суханрониашон дар бораи хомуш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки таҷрибаи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.