Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими робитаҳои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шуд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рӯзи 7-уми сентябр дар ҳамоиши илмие, ки Анҷумани байналмилалии “Пайванд” таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” доир кард, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” бояд ба маркази ҳамоҳангсозии неруҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии тоҷикон дар саросари ҷаҳон табдил ёбад. Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, ки ҳамзамон раиси Анҷумани “Пайванд” мебошанд, таъкид намуданд, ки дар шароити рақобати афзояндаи миёни ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо, ҳамбастагии фарҳангӣ ва маънавии мардумони форсизабон аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии Анҷумани “Пайванд” аз ибтидо барқарор кардани муносибатҳои таърихӣ ва густариши робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон будааст.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии Анҷумани «Пайванд» аз ибтидо барқарор кардани муносибатҳои таърихӣ ва густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангии мардумони форсизабон будааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон забонро “бунёди ҳастии маънавии миллат” номида, афзуд, ки ҳифз, гиромидошт ва рушди он бояд аз самтҳои асосии фаъолияти Анҷумани “Пайванд” бошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки забон на фақат воситаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки забони илм, технология, иқтисод ва дипломатия низ мебошад. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин, ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва бостонӣ, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ишора намуданд.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки нашри осори Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”, ҳамчунин, нашри “Шоҳнома” -и Абулқосим Фирдавсӣ ва силсилаи “Ахтарони адаб” ба таҳкими худогоҳии миллӣ ва робитаи ҷомеа бо мероси гузашта мусоидат мекунанд.
Дар ҳамоиш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси бунёди “Кохи тамаддуни ориёӣ” ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ёдовар шуданд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Кохи тамаддуни ориёӣ” метавонад ба як маркази фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ табдил ёбад, ки таърихи мардумони ориёиро муаррифӣ мекунад. Маркази байналмилалии Наврӯз низ, тибқи гуфтаи Сарвари давлат, бояд барои муаррифии Наврӯз ба ҳайси рамзи сулҳ, зиндагӣ ва эҳё ва ҳамчунин, густариши муколамаи тамаддунҳо хизмат кунад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, Тоҷикистон мехоҳад дар даҳсолаҳои оянда на фақат ба ҳайси кишвар бо таърихи куҳан, балки ба ҳайси ҷомеаи дорои иқтидори тавлиди дониш, технология, фарҳанги муосир ва дипломатияи таъсиргузор шинохта шавад.
Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҳамоиши имсола оғози барномаи нави рушди Анҷумани “Пайванд” барои солҳои оянда бошад. Дар барнома бояд масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ ба назар гирифта шавад. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки масъалаҳои сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор дар фаъолияти минбаъдаи Анҷуман ҷойгоҳи бештар пайдо кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол- пайвандгари тамаддуни ориёӣ” дар шаҳри Душанбе 230 меҳмон аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”