Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Лондон
Дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ ва гушаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Манбаъ навиштааст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳои хабарӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида муҳтарам Рухшона Эмомалӣ зимни суханронии табрикотии худ ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
“Ҳамзамон, ӯ аз мавқеи рузафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро таъкид кард”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”