27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
07.09.2026 11:49

Иштироки Президенти кишвар дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Субҳи имрӯз, 7-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, нахуст, Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигарсохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.

Гуфта мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паради ҳарбиро рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва мардуми кишвар маънидод намуданд.

“Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд”, - иброз доштанд Роҳбари давлат.

Иттилоъ дода мешавад, ки барои иштирок дар Паради ҳарбӣ афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо рӯҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста буданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.