Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
10 миллиону 817,7 ҳазор нафар. Шумораи аҳолии кишвар ду фоиз зиёд шудааст
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ, то 1-уми июли соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 817,7 ҳазор нафар расид.
Манбаъ навиштааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи шумораи аҳолӣ вилояти Хатлон дар ҷойи аввал қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ дар ин минтақа 3 миллиону 919,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, вилояти Суғд аз рӯи шумораи аҳолӣ мавқеи дуюмро ишғол намуда, шумораи аҳолии он ба 3 миллиону 35,8 ҳазор нафар расидааст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи аҳолӣ 2 миллиону 325,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе бошад, 1 миллиону 300,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи аҳолӣ 236,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”