Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Як пажӯҳиши ҷаҳонӣ нишон дод, ки Осиёи Марказӣ эҳтимолан маркази асосии парвариш ва нигоҳдории лолаҳо мебошад. Олимон дар ҷараёни пажӯҳиш аз лолаҳои Тоҷикистон низ истифода карда, таърихи пайдоиши ин гиёҳ дар тӯли миллион солро баррасӣ намудаанд.
Гурӯҳи пажӯҳишгарони байналмилалӣ бо таҳлили ДНК -и 254 навъҳои лола тавонистанд, ки таърихи таҳаввули ин гиёҳро таҳлил намоянд. Тибқи гуфтаи онҳо, ин намунаҳо тақрибан 86 фоизи гуногунии мушаххаси лолаҳо дар ҷаҳонро дарбар мегиранд.
Натиҷаи таҳқиқоти пажӯҳишгарон дар маҷаллаи илмии “American Journal of Botany” нашр шудааст.
Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиш гули лола тақрибан 32, 5 миллион сол қабл аз гиёҳҳои наздиктарини хешованди худ ҷудо карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки гули лолаи имрӯза тақрибан 22, 8 миллион сол қабл дар Осиёи Марказӣ пайдо гардидааст. Пажӯҳишгарон мегӯянд, ташаккул ёфтани кӯҳҳо ва тағйири иқлим дар минтақа барои рушди гули лола шароити мусоид фароҳам овардааст.
Сард ва хушк шудани ҳаво ва пайдо шудани муҳитҳои мухталиф дар кӯҳҳо, даштҳо ва минтақҳои нимабиёбон боис шуда, ки гурӯҳҳои лола аз ҳам ҷудо гардида, тадриҷан намуди нави худро ташаккул додаанд.
Бар асоси пажӯҳиш тақрибан 92 фоизи навъҳои омӯхташуда дар панҷ миллион соли охир аз наздиктарин хешовандони худ ҷудо шудаанд. Имрӯз кӯҳҳои Тиёншон ва Помиру Олой аз муҳимтарин минтақаҳои лолаҳои худрӯй дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Бар асоси ёфтаҳои пажӯҳигарон лолаҳо баъдтар аз Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои дигар паҳн шудаанд. Яке аз масирҳои эҳтимолии паҳншавии онҳо аз даштҳои Қазоқистон ва Русия гузашта, ба Қафқозу Эрон ва Англия ва баъдан ба соҳилҳои Баҳри Миёнзамин расидааст.
Дар ин пажӯҳиш донишмандони Донишгоҳи Кембриҷ, Боғҳои ботаникии шоҳии Кю ва пажӯҳишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат намудаанд.
Як қисми лолаҳои истифодашуда дар таҳқиқот дар дохили хоки Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Корҳои саҳроӣ дар солҳои 2020 ва 2021 дар Бадахшон, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи кишвар анҷом дода шудааст.
Мария Бобоева, доктори илмҳои биологӣ ва роҳбари Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳо, ҳамчунин, пажӯҳишгари аршади ин марказ Муҳаммад Яъқуб дар таҳқиқот ширкат кардаанд.
Дар миёни лолаҳои ҷамъоваришуда навъҳои мухталифи ин гул, аз ҷумла лолаи пешистанс (Tulipa praestans), лолаи баргборик (Tulipa linifolia), лолаи Введенский (Tulipa vvedenskyi), лолаи ингентс (Tulipa ingens) ва лолаи Ҳисор (Tulipa hissarica) мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Таҳлили генетикии олиммон нишон дод, ки таснифи илмии баъзе навъҳои лола метавонад ба бознигарӣ ниёз дошта бошад. Пажӯҳишгарон дар ин таҳқиқот зерҷинси нави лола бо номи “Eduardoregelia”-ро муайян кардаанд. Бар асоси хулосаи таҳқиқоти олимон иттилои нави генетикӣ метавонад барои ба таври дақиқ муайян намудани навъҳои лола ва ҳифзи лолаҳои худрӯй дар Осиёи Марказӣ истифода шавад. Пажӯҳишгарон ҳамчунин, пешниҳод намудаанд, ки натиҷаҳои пажӯҳиш дар арзёбии вазъ, навъҳои лола ва навсозии китобҳои сурхи кишварҳои минтақа ба кор гирифта шаванд. Ин таҳқиқот ба он ишора мекунад, ки кӯҳҳои Осиёи Марказӣ метавонанд яке аз муҳимтарин марказҳои таърихии пайдоиш ва гуногуншавии лолаҳо дар ҷаҳон бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”