Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Путин: “Дар робита ба вазъи амниятии Афғонистон бо Тоҷикистон дар тамоси наздик ҳастем”
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Шанхай мулоқоти дуҷониба анҷом дода, таъкид намуданд, ки дар пасманзари нигарониҳо аз вазъияти Афғонистон ҳамкориҳои амниятии худро идома медиҳанд.
Президенти Русия рӯзи 1-уми сентябр дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Маскав бо Душанбе доир ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла дар робита ба вазъи Афғонистон “дар тамоси наздик” қарор дорад.
Владимир Путин гуфт, Маскав нигарониҳои Тоҷикистонро дар бораи вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон медонад ва ҷонибҳо дар ин масъала ва дигар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ бо ҳам дар тамос мебошанд.
“Мо нигарониҳои шуморо дар хусуси он чи дар кишвари ҳамсояи Афғонистон мегузарад, медонем ва доир ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар тамоси наздик қарор дорем”- зикр намуд Владимир Путин.
Масъалаи амният ва вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои муҳимми муносибатҳои Душанбе ва Маскав ба шумор мераванд. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва дар солҳои ахир борҳо аз таҳдидҳои эҳтимолии вобаста ба ноамнӣ дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии худ изҳори нигаронӣ кардааст.
Мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле доир шуд, ки роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек масъалаҳои амният, суботи минтақавӣ ва таҳдидҳои фаромиллиро баррасӣ мекарданд.
Тибқи иттилои расмии Тоҷикистон, масъалаҳои амният ва субот, ҳамчунин, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва робитаҳои фарҳангӣ дар мулоқоти сарони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамчунин, муносибатҳои дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки равобити ду кишвар дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор дорад.
Расонаҳои қирғизӣ дар пасманзари мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон навиштанд, ки вазъи Афғонистон барои Тоҷикистон аҳмияти хос дорад, зеро таҳаввулоти амниятӣ дар он кишвар метавонад ба суботи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир гузорад. Барои Русия низ масъалаи амнияти марзҳои ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои муҳимми сиёсати минтақавӣ боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”