27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
01.09.2026 15:28

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз, 1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст.

Манбаъ навиштааст, ки Сарвари давлат аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки  таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд.

“Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Афзуда мешавад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.