Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Антониу Гутерриш: "Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзуъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт"
31-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, ки зимни мулоқот нахуст ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ирсоли барқияи шодбошӣ дар мавриди қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ва дастгириҳои пайвастаи Созмон дар робита ба иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ин Даҳсола ба тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, ки Антониу Гутерриш изҳор доштааст, ки "Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад".
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзудааст: "Ман дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Комиссари Олӣ ва Дабири кулл баъзе аз беҳтарин лаҳзаҳои фаъолияти худро ҳангоми сафар ба кишвари Шумо аз сар гузаронидаам. Меҳмоннавозии Шумо воқеан бемисл аст. Шумо на танҳо меҳмоннавозии хоссаи шахсӣ доред, балки соҳиби як кишвари аҷиб бо мардуми олиҷаноб ва неруи бузурги созанда ҳастед. Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ва умедворам, ки дар оянда, дар ҳар мақоме, ки насибам гардад, ҳатто агар танҳо ҳамчун як шаҳрванди одии ҷаҳон бошад ҳам, имкони боздид аз Тоҷикистонро пайдо хоҳам кард, то бори дигар нақши бисёр муҳимеро, ки Тоҷикистон имрӯз дар умури байналмилалӣ бар уҳда дорад, аз наздик эҳсос намоям”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”