Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Тоҷикистон дар миёни роҳҳои Авруосиё. Чӣ гуна Афғонистон метавонад харитаи транзитии Осиёро тағйир диҳад?
Харитаи транзитии Авруосиё метавонад дар солҳои наздик тағйир ёбад. Афғонистон, ки солҳо бештар ҳамчун маркази ҷанг, терроризм ва муҳоҷират шинохта мешуд, имрӯз мехоҳад худро ба пули байни Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва бандарҳои уқёнуси Ҳинд табдил диҳад.
Дар ин рақобат танҳо Афғонистон иштирок намекунад
Дар авҷи таҳримҳои ғарбӣ Эрон мехоҳад бандари Чобаҳорро ба дарвозаи Осиёи Марказӣ ва уқёнуси Ҳинд табдил кунад. Покистон талош дорад бандарҳои Карочӣ ва Гвадарро ҳифз намояд. Ӯзбекистон роҳи Афғонистонро ба Покистон пеш мебарад. Туркманистон барои роҳҳои худ дар Афғонистон сармоягузорӣ мекунад. Чин бошад шабакаҳои роҳи оҳанро ба самти Ғарб ва Ҷануб густариш медиҳад. Дар бораи ин лоиҳа суоле матраҳ мешавад: оё Эрон ба маркази шабакаи нави транзитӣ табдил мешавад ё Афғонистон роҳҳои дигаре пайдо мекунад?
Афғонистон дигар фақат кишвари бебаромад нест. Геогерафияи Афғонистон ғайриодӣ мебошад. Кишвар дар миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қарор дорад ва метавонад ба шимол бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ба ҷануб бо Покистон ба ғарб бо Эрон ва ба воситаи шабакаҳои минтақавӣ ба Чин пайваст шавад.
Ҳамин мавқеъ ба сармояи нави геоиқтисодӣ табдил мешавад.
Буҳрони муносибатҳои Кобул ва Исломобод низ ин равандро метезонад. Дар соли 2025 бо вуҷуди баста шудани чандинкаратаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Покистон, тиҷорати хориҷии Афғонистн афзоиш ёфт ва то наздики 13, 9 миллиард доллар расид. Қисме аз масирҳо ба Эрон ва Осиёи Марказӣ расидаанд.
Ин тағйир тасодуфӣ нест. Барои Афғонистон вобастагии аз ҳад зиёд ба як роҳи транзитӣ вобастагии сиёсӣ дорад. Аз ин рӯ, Кобул ҳоло мехоҳад ҳар қадар роҳҳои бештар дошта бошад, ҳамон қадар мавқеи қавитар пайдо кунад.
Чобаҳор — силоҳи асосии Эрон
Дар ин бозии бузург Эрон як корти пурқувват дорад: бандари Чобаҳор.
Барои кишварҳои муҳосирашудаи Осиёи Марказӣ Чобаҳор имконияти дастрасӣ ба уқёнуси Ҳиндро бидуни гузаштан аз қаламрави Покистон фароҳам мекунад. Ва Афғонистон аллакай аз ин имконият истифода мебарад.
Расонаи “Ройтерз” гузориш дода буд, ки дар соли 2025, пас аз шиддат гирифтани баҳсҳои Кобул ва Исломобод, тиҷорати Афғонистон тавассути Эрон ва Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт. Мақомоти афғон Чобаҳорро яке аз роҳҳои асосии коҳиши вобастагӣ аз бандарҳои Покистон медонанд.
Ҳатто барои истифодаи бештари Чобаҳор ба тоҷирони афғон имтиёзҳои тарифӣ ва логистикӣ пешниҳод шудаанд. Ин метавонад барои Эрон як бурди бузург бошад. Аммо фақат агар инфрасохтори зарурӣ ба андозаи кофӣ рушд кунад.
Роҳи оҳани Хоф–Ҳирот: як хатти одӣ ё оғози бозии бузург?
Дар ғарби Афғонистон роҳи оҳани Хоф–Ҳирот метавонад яке аз муҳимтарин ҳалқаҳои ин шабака гардад. Ин масир Афғонистонро мустақиман ба шабакаи роҳи оҳани Эрон пайваст мекунад. Мақомоти вилояти Ҳирот моҳи июни соли 2026 аз афзоиши интиқоли бор тавассути ин роҳи оҳан ҷонибдорӣ карданд. Масъулони лоиҳа гуфтаанд, ки ҳадаф баланд бардоштани иқтидори интиқол то 150 ҳазор тонна бор дар як моҳ мебошад. Агар роҳи Хоф–Ҳирот танҳо барои тиҷорати Эрону Афғонистон истифода шавад, аҳамияти он маҳдуд мемонад. Аммо агар он ба Ҳирот–Мазори Шариф ва сипас, ба шабакаҳои Осиёи Марказӣ пайваст шавад, вазъ комилан дигар мешавад. Он гоҳ як масири эҳтимолӣ аз Осиёи Марказӣ то бандарҳои ҷанубии Эрон пайдо мешавад. Ва ин ҷо рақиби Эрон пайдо мешавад. Эрон танҳо нест.
Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон роҳи дигари бузургро тарҳрезӣ мекунанд: Ӯзбекистон–Афғонистон–Покистон
Ҳадаф рӯшан аст, пайваст намудани Осиёи Марказӣ ба бандарҳои Покистон тавассути Афғонистон. Барои Ӯзбекистон ин роҳ метавонад як баромади мустақим ба баҳрро фароҳам кунад. Барои Покистон — борҳои бештари Осиёи Марказӣ. Барои Афғонистон — ҳаққи транзит ва нақши бештар дар иқтисоди минтақа. Ва барои Эрон — рақобати ҷиддӣ. Дар моҳи феврали соли 2026 Ӯзбекистон расмиёти оғози омӯзиши муштараки техникӣ-иқтисодии роҳи оҳани сеҷонибаро пеш бурд. Ҳамзамон, Қазоқистон низ пешниҳод кардааст, ки сохтмони роҳи оҳан ба бандарҳои Покистон тавассути Афғонистонро маблағгузорӣ кунад. Яъне, рақобат дигар танҳо дар рӯи коғаз нест. Чин низ дар бозӣ аст. Ва сипас, Чин меояд. Пекин мехоҳад роҳҳои нави заминиро ба самти ғарб ва ҷануб густариш диҳад. Роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон аллакай ба марҳилаи сохтмон расидааст ва метавонад сохтори нави нақлиётии Осиёи Марказиро тағйир диҳад. Аммо як лоиҳаи дигар барои Эрон боз ҳам ҷолибтар аст: долони роҳи оҳани панҷ кишвар — Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон. Агар он амалӣ шавад, як шабакаи бузург аз Чин тавассути Осиёи Марказӣ ва Афғонистон то Эрон ва бандарҳои ҷанубии он пайдо мешавад.
Тибқи маълумоти мақомоти Афғонистон, қисми афғонии ин долон тақрибан 1 148 километр буда, арзиши умумии лоиҳа аз 2 миллиард доллар бештар арзёбӣ мешавад. Ин метавонад яке аз лоиҳаҳое бошад, ки тамоми ҳисобҳоро тағйир диҳад. Тоҷикистон дар ин харита куҷост? Барои Тоҷикистон ин рақобат низ аҳамияти мустақим дорад.
Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба роҳҳои кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад. Агар долони Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Афғонистон–Эрон рушд кунад, Тоҷикистон метавонад на фақат кишвари транзитӣ, балки яке аз ҳалқаҳои асосии пайвасткунандаи Чин бо Афғонистон ва Эрон гардад.
Ин маънои онро дорад, ки рушди роҳҳои оҳан ва марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон метавонад ба масъалаи стратегӣ табдил ёбад. Аммо барои ин танҳо мавқеи ҷуғрофӣ кофӣ нест. Роҳ бояд арзон, зуд, бехатар ва доимӣ бошад.
Рақобати ҳақиқӣ барои транзит
Рақобати оянда танҳо байни Эрону Покистон нест. Дар як тарафи майдон Чобаҳор ва Эрон қарор доранд. Дар тарафи дигар — Карочӣ ва Гвадар. Дар шимол — долони миёна тавассути баҳри Каспий, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия. Дар шарқ — шабакаҳои Чин ва Осиёи Марказӣ. Ва дар миёни онҳо — Афғонистон.
Кишваре, ки солҳо ҳамчун «бунбасти ҷуғрофӣ» шинохта мешуд, метавонад ба яке аз чорроҳаҳои муҳимми транзитии минтақа табдил ёбад. Ин парадокси бузурги геополитикии Афғонистони имрӯз аст. Чобаҳор фақат бо як бандар ғолиб намешавад. Аммо барои Эрон як хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Чобаҳор худ аз худ як маркази бузурги транзитӣ намешавад. Ба он роҳи оҳан, анборҳо, терминалҳои муосир, расмиёти босуръати гумрукӣ, суғурта, хизматрасонии молиявӣ ва шабакаи боэътимоди роҳҳо лозим аст. Ҳатто мақомоти афғон таъкид мекунанд, ки роҳҳои алтернативӣ бояд на танҳо вуҷуд дошта бошанд, балки аз ҷиҳати арзиш ва суръат рақобатпазир бошанд. Аз ин рӯ, рақобати воқеӣ дар оянда барои «соҳиби ҷуғрофия» шудан нест. Рақобат барои соҳиби беҳтарин хизматрасонии транзитӣ шудан аст. Афғонистон агар рақобатро идора кунад, метавонад бурд кунад.
Барои Кобул ин вазъ як имконияти нодир аст. Афғонистон метавонад аз кишваре, ки ба роҳҳои Покистон вобаста буд, ба кишваре табдил шавад, ки миёни чанд долон интихоб мекунад. Масирҳои Эрон, Осиёи Марказӣ ва Покистон метавонанд ҳамзамон истифода шаванд. Ин ба Кобул қудрати бештари музокира медиҳад. Аммо ин бозӣ хатар ҳам дорад.
Набудани сармоягузории кофӣ, мушкилоти амниятӣ, фарқияти стандартҳои роҳи оҳан ва набудани шабакаи ягона метавонанд бисёре аз ин тарҳҳоро солҳо ба таъхир андозанд. Аз ин рӯ, нақшаҳои бузург ҳанӯз маънои сохтмони долонҳои бузургро надоранд.
Роҳи нави Авруосиё
Таҳаввулоти кунунӣ нишон медиҳанд, ки маркази рақобати иқтисодии Авруосиё тадриҷан ба самти ҷануб ҳаракат мекунад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз вобастагӣ ба чанд масири анъанавӣ раҳо шаванд. Афғонистон мехоҳад аз мавқеи ҷуғрофии худ даромад ва нуфуз ба даст орад. Эрон мехоҳад Чобаҳорро ба дарвозаи ҷанубии Осиёи Марказӣ табдил диҳад.
Покистон намехоҳад мақоми худро ҳамчун роҳи асосии баҳрии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аз даст диҳад. Чин шабакаҳои заминии худро васеъ мекунад. Ва Туркияву Озарбойҷон низ барои ба самти ғарб кашидани ҷараёни молҳо талош доранд. Дар маркази ин рақобат Афғонистон қарор дорад.
Ва бурди асосӣ барои кӣ хоҳад буд?
Эҳтимол, барои кишваре, ки метавонад ба саволи одӣ ҷавоби беҳтар диҳад: мол аз Осиёи Марказӣ ба уқёнуси Ҳинд аз кадом роҳ зудтар, арзонтар ва бехатартар мерасад? Ҷавоби ин савол метавонад на танҳо тақдири Чобаҳор ё Карочиро муайян кунад. Он метавонад муайян кунад, ки дар даҳсолаи оянда кадом кишварҳо маркази нави иқтисодии Авруосиё хоҳанд буд ва кадом кишварҳо аз харитаи бузурги транзитӣ канор хоҳанд монд. Ва барои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва тамоми Осиёи Марказӣ ин рақобат аллакай оғоз шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”