Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Муовини раиси шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати хизматрасонӣ ва вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо нашри иттилоияе хабар дод, ки муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмидин Саломзода вазъи хизматрасонӣ, тозагӣ ва ҳолати санитарии воситаҳои нақлиёти мусофирбарро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳр мавриди санҷиш қарор дод.
Манбаъ навиштааст, ки аз ҷониби муовини раиси шаҳри Душанбе ва директори «Душанбенақлиётхадамотрасон» ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, тозагии дохилу беруни автобусу троллейбусҳо, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, коршоямии мониторҳои дохили салони автобусу троллейбусҳо, камераҳои мушоҳидавӣ ва фаъолияти низоми назорати дохили воситаҳои нақлиёт санҷида шуд.
“Дар ҷараёни санҷиш ба риояи одоби муошират ва муносибати хушмуомилаю эҳтиромонаи ронандагон бо мусофирон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ронандагон бояд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ қоидаҳои муоширати фарҳангиро риоя намуда, ба мусофирон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки Раҳмидин Саломзода оид ба беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмини тозагии воситаҳои нақлиёт ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, иброз намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта фавран бартараф карда шуда, ҳамарӯза қисматҳои дохилӣ ва берунии воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи муқарраргардида шуста ва тоза карда шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”