Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Истеҳсоли равғани зағир, бомпӯш, хишт ва пеноблок. Президенти кишвар се корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи нави саноатӣ - корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.
Манбаъ навиштааст, ки дар ин се корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави кор таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.
Гуфта мешавад, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағир дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноат дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, зиёдшавии тавлиди маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нав, насби технологияи муосир ва дар ҳамин замина рушди фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати васеъшавии имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бозор, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”