Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар намоиш-фурӯши китобҳо намунаҳои осори адибони классик ва муосири ватаниву хориҷӣ пешниҳод мегардад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми август дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Манбаъ навиштааст, ки дар намоиш-фурӯши китобҳо беҳтарин намунаҳои осори адибони классик ва муосири ватаниву хориҷӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти бачагона» ба табъ расидаанд, пешниҳод мегардад.
Гуфта мешавад, ки намоиш-фурӯши китобҳо соати 09:00 оғоз мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”