Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ӯзбекистон мехоҳад дар Афғонистон бо Толибон шаҳрак ва хонаҳои истиқоматӣ созад
Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон як самти нави эҳтимолии сармоягузориро баррасӣ мекунад. Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ки ширкатҳои ин кишвар метавонаанд дар сохтмони манзил ва шаҳракҳои нав дар Афғонистон саҳмгузорӣ кунанд.
Расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки сафири Ӯзбекистон дар Афғонистон аз омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ ба бахши сохтмон ва шаҳрсозии ин кишвар хабар додааст. Сафири Ӯзбекистон дар Афғонистон Ойбек Усмонов дар ҷараёни мулоқот бо Наҷибуллоҳ Ҳаёт Ҳаққонӣ, вазири шаҳрсозӣ ва манзили ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон масъалаи имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодии ду кишварро баррасӣ намудааст.
Ба навиштаи расонаҳо, дар ин мулоқот сафири Ӯзбекистон ва масъули ҳукумати Толибон таваҷҷуҳи хос ба сохтмони манзил ва таъсиси шаҳракҳои истиқоматӣ зоҳир намудаанд. Ҳамзамон, тарафҳо масъалаи ҳамкории муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Афғонистонро дар бахши муҳандисӣ баррасӣ намудаанд.
Вазири шаҳрсозӣ ва манзили ҳукумати Толибон аз пешниҳоди Ӯзбекистон истиқбол карда, гуфтааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи қонунҳо ва муқаррароти амалкунанда шароити зарурӣ фароҳам мешавад.
Мақомоти Афғонистон ҳамчунин, мегӯянд, ки барои беш аз 70 ҳазор хонаводаи муҳоҷирони бозгашта то кунун заминҳои истиқоматӣ ҷудо карда шудааст. Ин бахш аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки зарурати сохтмони манзилҳои навро дар Афғонистон бештар кардааст.
Дар ҷараёни мулоқот сафири Ӯзбекистон бо тарҳҳои шаҳрҳо ва шаҳрчаҳое, ки муҳандисони афғон таҳия кардаанд, шинос шудааст. Ин тарҳҳо барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шудаанд.
Тошканд дар солҳои охир равобити иқтисодии худро бо гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон тақвият дода, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика густариш медиҳад.
Гурӯҳи Толибон ҳамчун гурӯҳи террористӣ дар сатҳи ҷаҳон шинохта шудааст ва аксари кишварҳо ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият намешиносанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”