Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мутахассисони Созмони интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон омаданд
Мутахассисони Созмони интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Доктор Аминӣ Нава Иброҳим, мутахассиси бахши коркарди хуни донорӣ ва Доктор Мирзиён Фотема Бадеъалӣ, мутахассиси бахши вирусология ва бехатарии хуни донорӣ, барои омӯзиш, мубодилаи таҷрибаи касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа ба муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, мутахассисони эронӣ дар самти такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони муассиса чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.
“Дар раванди ҳамкорӣ масъалаҳои марбут ба технологияҳои муосир ва дастовардҳои навини соҳаи трансфузиология, коркарди хуни донорӣ, вирусология ва таъмини бехатарии хуни донорӣ мавриди омӯзиш ва мубодилаи таҷриба қарор гирифтанд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки мутахассисони Эрон ҷиҳати татбиқи санади ҳамкорӣ миёни муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар доираи сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба кишвари мо омадаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”