27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:53, Душанбе
24.08.2026 14:13

Бессант: “ИМА бузургтарин ҳамлаи молиявӣ алайҳи Эронро оғоз мекунад”

Скотт Бессант, вазири молияи Амрико гуфтааст, Вашингтон субҳи имрӯз «бузургтарин ҳамлаи иқтисодӣ» бар зидди Эронро оғоз хоҳад кард. Ӯ иддао кардааст, ки ин иқдом аз ҳама гуна амалиёти қаблии иқтисодии ИМА дар таърих бузургтар хоҳад буд.

Ба гуфтаи вазири молияи ИМА ҳадафи ин сиёсат маҳдуд кардани «шоҳрагҳои ҳаётан муҳимми иқтисодӣ»-и Эрон ва афзоиши фишор ба Теҳрон мебошад. Бессант ҳамчунин, ба кишварҳое, ки ба гуфтаи ӯ, сарнавишти иқтисодии худро ба Эрон пайванд медиҳанд, ҳушдор додааст. Ӯ гуфта, чунин кишварҳо метавонанд бо маҳдуд шудани имкониятҳои дастрасӣ ба роҳҳои рушди устувор рӯбарӯ шаванд.

Вазири молияи ИМА иддао кардааст, ки Вашингтон мехоҳад ҳар як роҳи муҳимми иқтисодиеро, ки ба идомаи фаъолияти низоми Эрон мусоидат мекунад, маҳдуд созад.

Бессант ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки агар ба неруҳои амрикоӣ ё кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс амалиёти низомӣ сурат гирад, президенти ИМА Доналд Трамп ба он «зуд ва қотеъона» посух хоҳад дод.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар Эрон вокунишҳои шадид ба фишорҳои иқтисодии ИМА садо медиҳанд.

Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон, дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки агар «ҷанги иқтисодӣ» идома ёбад, Эрон ҳатто як қатра нафт ҳам содир нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, содироти нафт дар ин ҳолат на аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва на аз дигар роҳҳои Халиҷи Форс сурат нахоҳад гирифт.

Муҳсин Ризоӣ ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки Теҳрон ҳар гуна иштирок ё дастгирии кишварҳои дигар аз «ҷанги иқтисодии ИМА алайҳи мардуми Эрон»-ро ҳамчун амали ҷангӣ арзёбӣ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.