Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳаҷми тиҷоратии Русия бо Тоҷикистон ба сатҳи “рекордӣ” расид
Русия ва Тоҷикистон барои афзоиши назарраси ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар солҳои наздик барнома доранд. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас гуфтааст, ки расидан ба нишондиҳандаи 2,5 баробар афзоиши гардиши мол то соли 2030 яке аз ҳадафҳои стратегии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.
Бар асоси гуфтаи ӯ, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Маскав ва Душанбе дар солҳои 2025–2026 тамоюли афзоишро нишон додаанд. Соли гузашта ҳаҷми савдои байни ду кишвар ба сатҳи рекордӣ расида, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ низ гардиши тиҷоратӣ тақрибан сеяк фоиз зиёд шудааст.
Александр Рибас ин нуктаро зимни иштирок дар нахустин Форуми байналмилалии саноати хӯроквории Тоҷикистон дар Душанбе баён кардааст.
Дар маркази таваҷҷуҳи ҳамкориҳои ду кишвар бахши кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон қарор дорад. Намояндаи тиҷоратии Русия мегӯяд, ки барои ворид кардани бештари маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда мавҷуданд.
Яке аз қадамҳои амалии ду кишвар дар ин самт таъсиси корхонаи муштарак будааст. Ҳадафи он зиёд кардани интиқоли сабзавот, мева ва буттамеваи Тоҷикистон ба Русия мебошад.
Ба гуфтаи Рибас, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ метавонад на фақат содироти маҳсулоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад, балки барои ҷалби сармоя ва рушди шабакаҳои логистикӣ низ шароити бештар фароҳам созад.
Русия дар айни замон яке аз бозорҳои асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Масъули ин ниҳоди Русия бар ин назар аст, ки беҳтар кардани дастрасии молҳои Тоҷикистон ба бозори Русия метавонад ба афзоиши минбаъдаи савдои дуҷониба мусоидат кунад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо мехоҳанд ҳамкориҳои истеҳсолиро густариш диҳанд. Таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ метавонад ба истеҳсоли молҳои дорои арзиши иловашудаи бештар ва содироти онҳо ба бозори Русия мусоидат кунад.
Дар форум зикршуда, инчунин, масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон баррасӣ шудааст. Аз ҷумла, иштирокчиён дар бораи механизмҳои дастгирии давлатӣ, имтиёзҳои андозӣ, содирот ва рушди логистика дар саноати хӯроквории Тоҷикистон гуфтугӯ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”