Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сарвари давлат Варзишгоҳи миллии пойтахтро ифтитоҳ намуданд
Шоми 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи иттилои дастрас, иншооти варзишӣ дар майдони 9,5 гектар доман густурда, дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷой нишаст мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, ки масоҳати зери сохтмони бино 27 000 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати умумии он зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Баландии иншоот 33 метр буда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст. Андозаи умумии майдони варзишӣ бошад, 130 ба 87 метрро ташкил медиҳад, ки ин ҳам мувофиқи меъёрҳои FIFA барои минтақаҳои амниятӣ ва техникӣ дар атрофи майдон фазои бехатарро таъмин мекунад.
“Ҷараёни бозиҳо тавассути ду монитори бузурги LED ҳар кадомаш дар ҳаҷми 133 метри мураббаъ дар варзишгоҳ намоиш дода мешавад. Мониторҳо, ҳамчунин, барои намоиши такрории наворҳо ва маълумоти бозӣ тибқи стандарти FIFA хидмат мекунанд. Майдони варзиш дорои 312 прожектори муосир ва пурқувват аз ширкати Philips мебошад, ки талаботи ҳатмии FIFA-ро барои равшании якхела ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода ешавад, ки барои варзишгарон 4 ҳуҷраи махсуси либосивазкунӣ бо 104 ҷой сохта шудааст. Барои меҳмонони расмӣ ва фахрӣ 1 ҳуҷраи VVIP бо 32 ҷой, 34 ҳуҷраи VIP бо 306 ҷой ва 26 ҳуҷраи CIP бо 416 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Мавҷудияти ин ҳуҷраҳои муосири Skybox шарти асосии FIFA барои қабули меҳмонони дараҷаи олӣ ва баланд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”