27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:53, Душанбе
22.08.2026 09:23

“Ҳаргиз ба имзо нарасид”. Чӣ гуна Горбачёв мехост СССР-ро аз фурӯпошӣ наҷот диҳад

20-уми августи соли 1991 бояд Аҳдномаи нави Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба имзо мерасид. Михаил Горбачёв, президенти вақти СССР талош дошт бо ин санад Иттиҳоди Шӯравиро аз фурӯпошӣ наҷот диҳад ва ба муносибатҳои миёни ҷумҳуриҳо шакли нави ҳуқуқӣ диҳад. Аммо кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи августи ҳамон сол имзои санадро халалдор кард ва раванди пошхӯрии СССР дигар боздоштанашаванда шуд.

Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ ба буҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ буд. Робитаҳои иқтисодии миёни ҷумҳуриҳо заиф шуда, буҷети иттиҳодӣ тақрибан 40 дарсади даромадҳои пешбинишудаашро аз даст дода буд. Паст шудани сатҳи зиндагӣ низ норозигии ҷомеаро афзоиш медод.

Бо вуҷуди ин, дар раъйпурсии умумииттифоқии 17-уми марти соли 1991 беш аз 76 дарсади иштирокдорон аз ҳифзи СССР ҷонибдорӣ карданд. Раъйпурсӣ дар шаш ҷумҳурие, ки ба истиқлолхоҳӣ тамоюли қавӣ доштанд, баргузор нашуд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ ба Горбачёв имкони идомаи талошҳо барои нигоҳ доштани Иттиҳодро доданд.

Аммо вазъи иқтисодӣ ба зудӣ боз ҳам бадтар шуд. 2-уми апрели соли 1991 нархи маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ба таври назаррас боло рафт. Миллионҳо нафар бо коҳиши шадиди қобилияти харидории худ рӯ ба рӯ шуданд. 22-уми апрел Валентин Павлов, сарвазири СССР эътироф кард, ки кишвар амалан ба қарздиҳандагони хориҷӣ вобаста шудааст.

Кӯшиши таъсиси «Иттиҳоди нав»

Дар чунин шароит Горбачёв ба музокирот бо раҳбарони ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ шуруъ кард. Нақшаи таъсиси шакли нави давлатиро пешбинӣ мекард, ки онро «Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр» меномиданд.

Дар раванди Ново-Огарёво аз 15 ҷумҳурии СССР 9 ҷумҳурӣ — Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон — омодагии худро барои иштирок дар созиши нав баён карданд. Гурҷистон дар музокирот ҳузур дошт, аммо санади ниҳоиро имзо накард. Эстония, Латвия, Литва, Арманистон ва Молдова дар ин раванд иштирок накарданд.

23-уми апрели соли 1991 Горбачёв ва раҳбарони 9 ҷумҳурӣ дар қароргоҳи Ново-Огарёво ба созиш расиданд. Ин санад баъдтар ҳамчун изҳороти «9+1» маъруф шуд. Ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои фаврӣ барои барқарор кардани субот ва рафъи буҳронро таъкид карданд.

Бар асоси тарҳи нав, ҷумҳуриҳо бояд ваколатҳои бештар мегирифтанд ва нақши марказ аз мақоми идоракунанда ба мақоми ҳамоҳангсоз табдил меёфт. Масъалаҳои мудофиа, сиёсати молиявӣ ва корҳои дохилӣ дар ихтиёри сохторҳои иттиҳодӣ боқӣ мемонданд, дар ҳоле ки қисми зиёди масъалаҳои дигар ба сатҳи ҷумҳуриҳо гузаронида мешуд. Горбачёв баъдтар дар ёддоштҳои худ навишт, ки пас аз ба даст омадани тавофуқ дар Ново-Огарёво «умеде пайдо шуд».

Ихтилофҳо бар сари сохтори Иттиҳод

Бо вуҷуди пешрафт дар музокирот, байни ҷумҳуриҳо дар бораи шакли нави давлат ихтилофҳо боқӣ монданд. Русия ва Украина бештар ба модели конфедеративӣ майл доштанд, дар ҳоле ки бархе аз раҳбарони марказӣ мехостанд робитаҳои федеративӣ ва сохторҳои ягонаи давлатдорӣ ҳифз шаванд.

17-уми июни соли 1991 Горбачёв лоиҳаи Аҳднома дар бораи “Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр”-ро имзо кард. Рӯзи баъдӣ он ба Шурои Олии СССР ва шуроҳои олии ҷумҳуриҳо ирсол шуд.

Пас аз тағйироти ҷиддӣ, лоиҳаи нав 23-уми июн дар Ново-Огарёво баррасӣ гардид. Дар мулоқоти Горбачёв, Борис Елтсин ва Нурсултон Назарбоев рӯзҳои 29–30-уми июн қарор қабул шуд, ки Аҳдномаи нав 20-уми августи соли 1991 аз ҷониби раҳбарони ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ ба имзо расад.

Яке аз пешниҳодҳои Горбачёв ин буд, ки ҷумҳуриҳои мухтор низ ҳамчун муассисони давлати нави иттиҳодӣ мақом дошта бошанд. Елтсин ба ин пешниҳод мухолифат накард ва дар он давра аз васеъ кардани ҳуқуқҳои ҷумҳуриҳои мухтор ҷонибдорӣ мекард.

Табаддулот, ки нақшаро барҳам зад

Аммо нақшаи имзои Аҳдномаи нав амалӣ нашуд. 19-уми августи соли 1991 гурӯҳи мансабдорони баландпояи СССР кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом доданд. Ин рӯйдод ба имзои Аҳдномаи Иттиҳод монеъ шуд. Пас аз шикасти табаддулот мавқеи неруҳои ҷонибдори истиқлоли ҷумҳуриҳо ба таври назаррас қавитар гардид. Дар чанд моҳи баъдӣ ҷумҳуриҳои зиёде истиқлолияти худро эълом карданд.

Раванди фурӯпошии СССР 8-уми декабри соли 1991 ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Раҳбарони Русия, Беларус ва Украина дар Беловежская Пушча созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ қатъшуда ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон карда шуд.

Ҳамин тавр, Аҳдномаи наве, ки Горбачёв умед дошт бо он Иттиҳоди Шӯравиро дар шакли тағйирёфта нигоҳ дорад, ҳаргиз ба имзо нарасид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.