Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Зиёда аз 6 ҳазор ӯзбекистонӣ соли гузашта барои таҳсил ба Тоҷикистон омадаанд
Тоҷикистон дар соли 2025 дуюмин кишвари маъмул барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки барои таҳсил ба хориҷ мераванд, пас аз Русия шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, соли гузашта 6 ҳазору 39 шаҳрванди ин кишвар барои таҳсил ба Тоҷикистонро интихоб кардаанд.
Қабули донишҷӯён дар миёни ду кишвари ҳамсоя дуҷониба аст. Дар 6 моҳи аввали соли 2026 барои рафтан ба таҳсил ба Ӯзбекистон 1 ҳазору 915 шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Аз рӯи ин нишондиҳанда, Тоҷикистон дар миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонаш барои таҳсил ба Ӯзбекистон меоянд, ҷойи сеюмро гирифтааст.
Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ – июни соли 2026 ба Ӯзбекистон барои таҳсил 21 ҳазору 42 шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 11 ҳазору 500 нафар ё 2,2 баробар бештар аст.
Дар се моҳи аввали соли 2026 бошад, 381 шаҳрванди Ӯзбекистон барои таҳсил ба Тоҷикистон омадаанд. Аммо ин омор ҳатман шумораи воқеии донишҷӯёни ӯзбекро, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, нишон намедиҳад, зеро омори сафар ва шумори донишҷӯёни воқеӣ метавонад фарқ кунад.
Ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф бар асоси як қатор созишномаҳо сурат мегирад. Соли 2018 Душанбе ва Тошканд созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илмро имзо карданд, ки мубодилаи донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон, робитаҳои мустақими донишгоҳҳо ва татбиқи барномаҳои муштараки илмиро пешбинӣ мекунад.
Ҳамон сол ду кишвар, инчунин, дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ба мувофиқа расиданд. Ин санад имкони истифодаи дипломҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои давлатии таҳсилотии ду кишварро барои идомаи таҳсил дар кишвари дигар фароҳам меорад.
Ҳамкории илмӣ ва таълимӣ дар солҳои баъдӣ низ густариш ёфтааст. Моҳи апрели соли 2024 ҳангоми сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии баландихтисосро имзо карданд.
Моҳи марти соли 2026 президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳсилотро яке аз самтҳои минбаъдаи ҳамкории гуманитарӣ номиданд. Ҷонибҳо, инчунин, бар идомаи мубодилаи мунтазам дар соҳаи маориф ва сиёсати ҷавонон мувофиқа карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”