Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Аз Шероз то Ҳисор: ду шаҳри таърихӣ роҳҳои нави ҳамкориро меҷӯянд
Муҳаммадҳасан Асадӣ, шаҳрдори Шероз ва ҳайати ҳамроҳаш дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз маҷмааи таърихию фарҳангии Ҳисор ва қалъаи бостонии ин шаҳр боздид карданд.
Ҳайати Шероз аз Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихии воқеъ дар ҳудуди маҷмаа дидан карда, бо таърихи шаҳр, мероси фарҳангӣ ва ҷойгоҳи он дар рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоии давраҳои гузашта шинос шуданд.
Зимни боздид ба аҳамияти ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии онҳо ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамчун яке аз самтҳои рушди сайёҳӣ ва фарҳангӣ таъкид шудааст.
Ҳайати шаҳри Шероз ҳамчунин, аз дӯконҳои ҳунарҳои мардумии Ҳисор боздид карда, бо маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ, аз ҷумла корҳои дӯзандагӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатӣ шинос шудаанд.
Аъзои ҳайати Шероз маҳорати ҳунармандони Ҳисорро баланд арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки дастгирии чунин ташаббусҳо метавонад ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳимояти занон ва ҳунармандон ва муаррифии фарҳанги миллии Тоҷикистон мусоидат кунад.
Ин боздид дар доираи талошҳо барои густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории фарҳангиву иқтисодӣ миёни ду шаҳри таърихӣ - Шероз ва Ҳисор, сурат гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”