27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
19.08.2026 10:38

“Долони Вахон ба Чин”: Тоҷикистон аз масири нави Толибон чӣ ба даст меорад ва чӣ аз даст медиҳад?

Гурӯҳи террористии Толибон сохтмони роҳеро дар долони Вахон идома медиҳанд, ки ҳадафаш пайвастани Афғонистон ба Чин аз роҳи кӯҳистонии Бадахшон аст. Аммо, бар хилофи тасаввуре, ки гӯё Тоҷикистон аз як лоиҳаи минтақавии расмӣ “берун карда шудааст”, далелҳои дастрас нишон намедиҳанд, ки чунин як созишномаи бисёрҷониба вуҷуд дошта бошад. Лоиҳаи кунунӣ пеш аз ҳама роҳи дохилии Афғонистон ба марзи Чин аст ва Тоҷикистон то ҳол шарики расмии он нест.

Бо вуҷуди ин, мавқеи Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Долони Вахон дар шимол бо Тоҷикистон ва дар ҷануб бо Покистон ҳаммарз буда, дар шарқ ба марзи кӯтоҳи Афғонистон бо Чин мерасад. Аз ин рӯ, роҳе, ки дар дохили Афғонистон сохта мешавад, метавонад дар оянда тарҳи нақлиётии хеле бузургтареро ба вуҷуд оварад, ки ба бозорҳои Чин, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъсир расонад. Як таҳлили соли 2026 аз ҷониби “Central Asia-Caucasus Institute” мегӯяд, ки Тоҷикистон метавонад дар сурати рушди ин масир ба яке аз ҳалқаҳои муҳимми занҷири таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ табдил ёбад.

Ҳоло ҳаҷми сохтмон аз он чизе, ки баъзан ҳамчун “долони байналмилалӣ” муаррифӣ мешавад, хеле маҳдудтар аст. Вазорати нақлиёти Афғонистон мегӯяд, корҳои ибтидоии сохтмони тақрибан 50 километр роҳ аз минтақаи Бозай Гунбад то нуқтаи марзӣ бо Чин анҷом шудаанд ва барои ин қитъа 369 миллион афғонӣ ҷудо шудааст. Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки тарҳи кунунӣ дар маҷмуъ тақрибан 120 километрро дар бар мегирад. Ҳамзамон, ин расона бо такя ба коршиносон мегӯяд, ки барои табдил додани Вахон ба як масири воқеии тиҷоратӣ роҳ, пулҳо, инфрасохтори гумрукӣ ва дигар сармоягузориҳои бузург лозиманд.

Ҳатто сатҳи пешрафти эълоншуда низ бояд бо эҳтиёт қабул шавад. Толибон моҳи июни соли 2026 гуфта буданд, ки сохтмони роҳ ба 75 фоиз расидааст, аммо расонаҳо қайд мекунанд, ки сифату ҳаҷми воқеии корҳои анҷомшуда мустақилона пурра тасдиқ нашудааст. Расонаҳои амрикоӣ низ соли 2025 бо истинод ба аксҳои моҳвораӣ гузориш дода буданд, ки дар қисматҳои масир фаъолияти нави сохтмонӣ ба таври назаррас дида намешуд.

Ҳадафи Толибон чист?

Ҳадафи асосӣ ба Афғонистон додани роҳи мустақим ба Чин ба назар мерасад ва вобастагии ин кишварро аз масирҳои Покистон коҳиш диҳад. Афғонистон солҳо барои интиқоли мол ба бандарҳои баҳрӣ ба Покистон такя мекард, аммо танишҳои сиёсӣ ва баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ ин вобастагиро барои Кобул ба як нуқтаи осебпазир табдил додаанд. “Ройтерз” (Reuters) моҳи январи соли 2026 хабар дод, ки тиҷорати Афғонистон дар соли 2025 бо вуҷуди басташавии марзҳои Покистон идома ёфт, зеро тоҷирон бештар аз масирҳои Эрон ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, истифода карданд. Ҳаҷми умумии тиҷорати Афғонистон дар соли 2025 ба тақрибан 13,9 миллиард доллар расидааст.

Роҳи Вахон барои Толибон аз ин ҷиҳат муҳим аст, ки Чинро бевосита ба Афғонистон мепайвандад. Расонаҳои амрикоӣ пештар гузориш дода буданд, ки мақомоти Толибон бо Чин дар бораи сохтмони роҳ тавассути Вахон музокира кардаанд. Коршиносони Ҳиндустон низ ин масирро як воситаи эҳтимолии коҳиши вобастагии Афғонистон ба Покистон арзёбӣ кардаанд.

Аммо барои Толибон масъала танҳо масъалаи иқтисодӣ нест. Роҳи Вахон метавонад воситаи ҷалби сармояи Чин, махсусан ба бахшҳои маъдан ва захираҳои табиии Афғонистон бошад. Мақомоти иқтисодии Афғонистон ошкоро гуфтаанд, ки пайвастан ба Чин метавонад содироти маъданҳо ва ашёи хомро осон кунад.

Аз нигоҳи геополитикӣ, Толибон, инчунин, мехоҳанд нишон диҳанд, ки Афғонистон метавонад бе такя ба Покистон ва бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии худ ба бозорҳои бузурги Осиё пайваст шавад. Таҳлили “Observer Research Foundation” дар Ҳиндустон мегӯяд, ки Вахон барои Толибон дастрасӣ ба бозорҳои Чин ва минтақа ва ҳамзамон аҳамияти геополитикӣ дорад.

Чаро Тоҷикистон аз ин лоиҳа “дур” мондааст?

Агар Вахон ба як долони воқеии байналмилалӣ табдил ёбад, масъалаи Тоҷикистон дигар мешавад. Таҳлили “Central Asia-Caucasus Institute” мегӯяд, ки Душанбе манфиатдор аст ба бозорҳои Чин ва Покистон роҳи кӯтоҳтар пайдо кунад ва метавонад тавассути Вахон ба як ҳалқаи муҳимми занҷири интиқоли мол миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ табдил ёбад. Ин таҳлил ҳамчунин, ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар гузашта барои сохтани масири тавассути ағбаи Дораҳ музокира карда буданд, вале нооромии Афғонистон ба иҷрои нақша монеъ шуд.

Яке аз сабабҳои дигар метавонад муносибати сиёсии Душанбе ба ҳукумати Толибон бошад. Тоҷикистон ҳанӯз ҳукумати Толибонро ба таври расмӣ эътироф накардааст. Мақомоти тоҷик моҳи феврали соли 2026 низ ин мавқеъро бетағйир номиданд, ҳарчанд ҳамзамон робитаҳои корӣ дар масъалаҳои амният, тиҷорати сарҳадӣ ва кумаки башардӯстона идома доранд.

Барои Чин низ масъалаи амният хеле муҳим аст. Пажӯҳишҳои ҳиндӣ ва дигар таҳлилҳои минтақавӣ нишон медиҳанд, ки Пекин Вахонро пеш аз ҳама аз нуқтаи назари амнияти Шинҷон ва хатари гурӯҳҳои уйғурӣ арзёбӣ мекунад. Ҳатто агар роҳ дар тарафи Афғонистон сохта шавад, Чин ҳанӯз барои кушодани гузаргоҳи расмии гумрукӣ тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Аз ин рӯ, худи сохтмони роҳ ҳанӯз маънои ба кор даромадани як долони байналмилалиро надорад.

Агар Душанбе ба ин лоиҳа пайвандад, чӣ суд мебинад?

Барои Тоҷикистон муҳимтарин фоида метавонад ба даст овардани нақши транзитӣ бошад. Кишваре, ки дуруст ба масири Чин–Афғонистон–Покистон пайваст мешавад, метавонад аз интиқоли мол, хизматрасониҳои логистикӣ, анбордорӣ, гумрук ва рушди роҳҳои минтақаӣ даромад гирад. Таҳлили соли 2026 мегӯяд, ки Тоҷикистон метавонад тавассути чунин пайвастшавӣ барои қисми транзите, ки ҳоло аз Ӯзбекистон мегузарад, рақобат кунад.

Фоидаи дигар метавонад рушди иқтисодии Бадахшони Тоҷикистон бошад. Таҷрибаи минтақаҳои кӯҳистонӣ нишон медиҳад, ки роҳҳои байналмилалӣ метавонанд бозорҳои маҳаллиро ба сармоя, сайёҳӣ ва тиҷорат пайваст кунанд. Бонки ҷаҳонӣ қаблан гуфта буд, ки Помир барои Тоҷикистон як долони муҳимми минтақавист, ки кишварро мустақиман ба Чин, Афғонистон ва минбаъд ба Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад.

Дар сурати пайвастани воқеии Вахон ба шабакаҳои нақлиётии Тоҷикистон, Душанбе метавонад аз мавқеи ҷуғрофии худ ҳамчун кишваре, ки ҳамзамон ба Чин ва Афғонистон дастрасӣ дорад, бештар истифода кунад. Ин метавонад барои ВМКБ махсусан муҳим бошад, зеро рушди роҳҳо ва инфрасохтори сарҳадӣ метавонад минтақаи дурдасти Помирро ба бозорҳои беруна наздиктар кунад.  Аммо ин фоидаҳо фаврӣ ё кафолатнок нестанд. Чин ҳанӯз дар марзи Вахон гузаргоҳи тиҷоратии муқаррарӣ надорад ва таҳлилгарон мегӯянд, ки кушодани он ба масъалаҳои амният вобаста аст. Яъне Тоҷикистон метавонад имрӯз барои пайвастан ба як долони эҳтимолӣ сармоя ва захира ҷудо кунад, вале то муддати номаълум интизори оғози ҳаракати воқеии байналмилалӣ бимонад.

Агар Тоҷикистон аз тарҳ дур монад, чӣ зарар мебинад?

Зарари асосӣ метавонад стратегӣ бошад, на фаврии молиявӣ. Агар Вахон дар оянда ба як масири фаъол табдил ёбад ва Тоҷикистон дар он ҷой надошта бошад, Душанбе метавонад имкони гирифтани даромади транзитӣ ва ҷалби сармоя ба Бадахшонро аз даст диҳад. Ҳамчунин, қисми ҷараёни моле, ки имрӯз аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад, метавонад ба самти Афғонистон интиқол ёбад.

Таҳлили “IAIS” ҳушдор медиҳад, ки фаъол шудани Вахон метавонад аҳамияти баъзе масирҳои кунунии Осиёи Марказиро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, Чин метавонад молро аз Кошғар ба Афғонистон тавассути Вахон нисбат ба баъзе масирҳои тӯлонии тавассути Қирғизистон ва Ӯзбекистон зудтар интиқол диҳад. Ҳамзамон, Эрон низ метавонад тавассути Афғонистон ба Чин пайваст шавад ва қисман аз шабакаҳои Осиёи Марказӣ канорагирӣ кунад.

Вале барои Тоҷикистон як парадокси муҳим вуҷуд дорад: агар Вахон бе иштироки Душанбе фаъол шавад, ин метавонад ҳам таҳдид ва ҳам имконият бошад. Аз як тараф, он метавонад рақобатро барои транзит зиёд кунад; аз ҷониби дигар, Тоҷикистон метавонад кӯшиш кунад, ки пеш аз анҷоми лоиҳа худро ба ин шабака пайваст кунад ва ба ҷои тамошобини тағйироти нав, як узви он шавад.

Тардиди асосӣ барои Тоҷикистон таҳдидҳои амниятӣ аст

Ҳар гуна пайвастшавӣ ба долони Вахон маънои кор бо қаламрави таҳти назорати Толибонро дорад. Ин барои Душанбе масъалаи одии иқтисодӣ нест. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва амнияти сарҳад, қочоқи маводи мухаддир ва хатари гурӯҳҳои мусаллаҳ аз масъалаҳои асосии сиёсати Душанбе дар қиболи Афғонистон боқӣ мондаанд. Тоҷикистон ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст ва дар муносибат бо Кобул бештар ба масъалаҳои амниятӣ такя мекунад.

Аз ин рӯ, барои Душанбе интихоби оқилона эҳтимолан миёни “пайвастан” ё “напайвастан” ба таври пурра нест. Варианти камхатар метавонад иштироки марҳилавӣ бошад: музокира барои роҳҳои тиҷоратӣ, гумрук, бозорҳои сарҳадӣ ва инфрасохтор, бе додани уҳдадориҳои калон то замоне ки Чин расман марзи Вахонро барои тиҷорат боз кунад ва амнияти масир кафолати бештар пайдо кунад.

Дар ниҳоят, худи роҳ ҳанӯз як долони байналмилалии коркунанда нест. Толибон дар Вахон заминаи инфрасохторӣ месозанд, аммо кушодани марзи Чин, сохтани инфрасохтори гумрукӣ ва эҷоди масири устувори тиҷоратӣ ҳанӯз масъалаҳои ҳалнашудаанд. Таҳлили соли 2026-и “Central Asia-Caucasus Institute” низ ба хулосае мерасад, ки оғози воқеии ҳаракат тавассути ағбаи Вахҷир дар ояндаи наздик ҳанӯз номуайян аст ва бисёр чиз ба омодагии Чин барои сармоягузорӣ ва ба вазъи амниятии Афғонистон вобаста мебошад.

Барои Тоҷикистон аз ин рӯ, масъалаи асосӣ на он аст, ки Толибон Тоҷикистонро аз як лоиҳа “берун кардаанд”, балки ин аст, ки оё Душанбе метавонад пеш аз он ки як шабакаи нави нақлиётии Чин–Афғонистон–Осиёи Ҷанубӣ шакл гирад, ҷойи худро дар он муайян кунад. Агар Вахон ба кор дарояд, кишварҳое, ки имрӯз барои пайвастани худ ба ин масир омодагӣ мегиранд, метавонанд дар тақсими фоидаи транзитии оянда бартарӣ пайдо кунанд; агар он ҳеч гоҳ ба як гузаргоҳи тиҷоратии воқеӣ табдил нашавад, сармоягузории бармаҳал метавонад барои Тоҷикистон хароҷоти бештар аз фоида дошта бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.