Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
«Вашингтон пост»: ҷанги Эрон ба имтиҳони сахти сиёсии Трамп табдил шудааст
Рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» менависад, ки идомаи ҷанг бо Эрон Доналд Трампро ба вазъияти душвор дучор кардааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳалли низомӣ равшан ба назар намерасад, музокироти дипломатӣ ба пешрафти ҷиддӣ нарасидааст ва таъсири ҷанг ба иқтисод ва мавқеи сиёсии президенти ИМА бештар мешавад.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, ду моҳ пас аз имзои тафоҳум миёни ИМА ва Эрон, муҳлати пешбинишуда барои музокирот ба поён расидааст, аммо ҷанг ҳамоно идома дорад.
«Вашингтон пост» менависад, ки музокироти густурда дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳанӯз оғоз нашуда ва вазъ дар атрофи тангаи Ҳурмуз низ ба ҳолати одӣ барнагаштааст. Ин танга яке аз роҳҳои муҳимми интиқоли нафт дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба навиштаи рӯзнома, Трамп рӯзи душанбе ҳатто Эронро ба вокуниши низомӣ таҳдид кардааст. Мақола таъкид мекунад, ки идомаи даргирӣ барои президенти ИМА мушкили сиёсӣ низ эҷод мекунад, зеро ӯ қаблан худро сиёсатмадоре муаррифӣ мекард, ки метавонад ИМА-ро аз ҷангҳои тӯлонӣ дур нигоҳ дорад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи «Вашингтон пост», таъсири ҷанг ба иқтисоди дохилии ИМА бештар эҳсос мешавад. Баста ё маҳдуд шудани ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ба болоравии нархи сӯзишворӣ мусоидат карда, нигарониҳои иқтисодиро дар миёни амрикоиҳо афзоиш додааст.
Ли Мирингофф, роҳбари Пажӯҳишгоҳи афкори ҷамъиятии Донишгоҳи Марист, мегӯяд, ҷанг метавонад ба эътимоди интихобкунандагон ба Трамп таъсир расонад ва дар интихоботи миёндавраии Конгресс барои ҷумҳурихоҳон паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи ӯ, барои бахше аз интихобкунандагон ҷанг дар Эрон мустақиман бо вазъи иқтисод пайванд дорад. Афзоиши нархи бензин ва номуайянӣ дар бозори энержӣ метавонад норозигиро аз сиёсати ҳукумат бештар кунад.
Дар ҳамин ҳол, натиҷаҳои баъзе назарсанҷиҳо аз коҳиши пуштибонӣ аз Трамп, ҳатто дар миёни ҷумҳурихоҳон, дарак медиҳанд.
Тибқи назарсанҷии «Economist–YouGov», ки ҳафтаи гузашта нашр шудааст, сатҳи писандида будани Трамп дар миёни ҷумҳурихоҳон 79 дарсад будааст. Ин нишондиҳанда пасттарин сатҳ дар давраи дуюми президентии ӯ арзёбӣ шудааст.
Назарсанҷии дигари «Вашингтон пост», ки моҳи гузашта нашр шуд, нишон додааст, ки танҳо 15 дарсади амрикоиҳо фаъолияти Трампро ҳамчун президент «қатъиян тасдиқ» мекунанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, коҳиши маҳбубияти Трампро танҳо ба ҷанги Эрон рабт додан дуруст нест. Таваррум, болоравии нархи бензин ва дигар мушкилоти иқтисодӣ низ аз масъалаҳои асосии нигаронии интихобкунандагон мебошанд.
Аммо идомаи ҷанг метавонад ин мушкилотро ба ҳам наздиктар кунад. Ба навиштаи «Вашингтон пост», халалдор шудани интиқоли нафт ва болоравии хароҷоти иқтисодӣ хатари табдил шудани мушкили сиёсати хориҷии Трамп ба мушкили дохилии иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ИМА-ро зиёд мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”