Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҷанг бо Эрон ба Трамп зарбаи сиёсӣ зад: ризоияти мардум коҳиш ёфт
Маҳбубияти Доналд Трамп дар миёни амрикоиҳо ба пасттарин сатҳи давраи кунунии президентии ӯ расидааст. Бар асоси назарсанҷии нави “Ройтерз” ва “Ипсос”, танҳо 33 дарсади шаҳрвандони ИМА аз фаъолияти Трамп ҳамчун президент розӣ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, 64 дарсад гуфтаанд, ки аз фаъолияти ӯ нороз мебошанд.
Дар назарсанҷии қаблӣ сатҳи ризоият аз Трамп 35 дарсад буд. Яке аз сабабҳои асосии коҳиши ҳимоят аз Трамп, ба гуфтаи муҳаққиқон, нигаронии афзояндаи амрикоиҳо аз идомаи ҷанг бо Эрон ва боло рафтани нархи бензин аст.
Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон медиҳанд, ки аксари амрикоиҳо ба поёни зудтари ҷанг бо Эрон умед надоранд. 80 дарсади иштироккунандагон гуфтаанд, ки иштироки ИМА дар ин ҷанг метавонад муддати тӯлонӣ идома кунад. Ин назарро 87 дарсади демократҳо ва 71 дарсади ҷумҳурихоҳон низ дастгирӣ кардаанд. Танҳо 16 дарсад бовар доранд, ки даргирӣ метавонад дар чанд ҳафта ба анҷом расад. Ин дар ҳолест, Трамп қаблан таъкид карда буд, ки ҷанг бо Эрон набояд тӯлонӣ шавад.
Идомаи даргириҳо ва халалдор шудани интиқоли нафт тавассути тангаи Ҳурмуз ба бозори сӯзишворӣ низ таъсир гузоштааст. Афзоиши қимати бензин метавонад яке аз омилҳои муҳимми норозигии интихобкунандагон бошад.
Нигаронӣ аз ҷанг ва афзоиши хароҷоти зиндагӣ дар остонаи интихоботи миёндавраии ИМА аҳамияти бештар пайдо мекунад. Интихоботи миёндавраӣ рӯзи 3-юми ноябр баргузор мешавад ва натиҷаҳои он метавонанд тавозуни қудратро дар Конгресс тағйир диҳанд. Дар назарсанҷии нав 38 дарсади интихобкунандагон гуфтаанд, ки демократҳо иқтисоди кишварро беҳтар идора хоҳанд кард. 35 дарсад бошад, ҷумҳурихоҳонро афзал донистаанд.
Дар масъалаи арзиши зиндагӣ низ демократҳо бартарии ночиз доранд. Дар мавриди муҳоҷират ҷумҳурихоҳон ҳанӯз ҳам пешсафанд, аммо бартарии онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. 40 дарсади интихобкунандагон сиёсати ҷумҳурихоҳонро дар ин масъала беҳтар медонанд, дар ҳоле ки 38 дарсад ба демократҳо бартарӣ додаанд. Ин рақам дар муқоиса бо моҳи январи соли 2025 тағйири назаррасро нишон медиҳад. Он вақт ҷумҳурихоҳон дар масъалаи муҳоҷират 26 банди фоизӣ бартарӣ доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”