27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
17.08.2026 20:05

Аз Тоҷикистон то Чин тавассути Эрон: Душанбе ва Теҳрон масирҳои нави транзитиро баррасӣ карданд

Эрон ва Тоҷикистон ба суръат бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва логистика таъкид карданд. Мақомоти Эрон ҳамчунин, аз анҷоми корҳои релгузорӣ дар масири роҳи оҳани Чобаҳор–Зоҳидон ва омодагӣ барои ба истифода додани он дар се моҳи оянда хабар доданд.

Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ рӯзи шанбе, 15-уми августи соли 2026, дар мулоқот бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ кард.

Ба гуфтаи вазири эронӣ, ҳаҷми боркашонии байналмилалии роҳи оҳан миёни ду кишвар дар соли 2025 нисбат ба соли қабл афзоиш ёфтааст. Ӯ ин равандро нишонаи амиқтар шудани муносибатҳои дуҷониба ва таваҷҷуҳи ҳукумати Эрон ба “дипломатияи нақлиётӣ” арзёбӣ кардааст.

Роҳи оҳани Чобаҳор–Зоҳидон ба марҳилаи истифода наздик мешавад

Фарзона Содиқ гуфт, корҳои релгузорӣ дар роҳи оҳани Чобаҳор–Зоҳидон ба анҷом расида, қарор аст пайвасти роҳи оҳан дар ин масир то се моҳи оянда ба истифода дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур метавонад имкониятҳои Тоҷикистонро барои дастрасӣ ба обҳои озод ва рушди фаъолияти логистикӣ дар бандари Чобаҳор афзоиш диҳад. Мақомоти Эрон, инчунин, аз омодагии Теҳрон барои ҷалби сармоягузории Тоҷикистон дар бандари Чобаҳор хабар додаанд.

Пешниҳоди сармоягузории Тоҷикистон дар бандари хушк

Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаи истифодаи имкониятҳои бандари хушки Апарин дар Теҳрон баррасӣ шудааст. Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ ин марказро яке аз зарфиятҳои муҳим барои густариши ҳамкориҳои логистикӣ номида, ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз ин маҷмаа боздид кунанд. Ӯ ҳамчунин, аз сармоягузории муштараки Тоҷикистон дар Апарин ва дигар бандарҳои Эрон истиқбол кардааст.

Кӯшиши кушодани масирҳои нави транзитӣ

Ҷониби Эрон ҳамзамон ба зарурати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ҳамлу нақли автомобилӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст. Дар мулоқот масъалаи ташкили долони нақлиётии Эрон–Афғонистон–Тоҷикистон–Чин низ матраҳ шудааст. Фарзона Содиқ гуфтааст, ки Эрон барои баргузории музокироти бисёрҷониба дар ин замина омода аст. Ба гуфтаи ӯ, роҳи Фароҳ дар Афғонистон низ тақрибан пас аз як моҳ ба истифода дода мешавад ва ин метавонад заминаи нави ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа гардад.

Таваҷҷуҳ ба парвозҳои бештар миёни ду кишвар

Дар бахши дигари мулоқот рушди ҳамлу нақли ҳавоӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шудааст. Вазири эронӣ афзоиши шумораи парвозҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон ва баррасии имкони пешниҳоди тахфифҳои мутақобилро пешниҳод кардааст. Ӯ хостааст, ки ин масъала аз ҷониби мақомоти авиатсияи граждании Эрон пайгирӣ шавад.

Аз тавофуқҳо то санади муштарак

Ҷониби Эрон таъкид кардааст, ки пешниҳодҳои марбут ба роҳҳои оҳан, нақлиёти автомобилӣ, авиатсия, бандарҳо ва логистика бояд ҳарчи зудтар ба таври хаттӣ таҳия шуда, дар шакли як санади муштараки Тоҷикистону Эрон ба расмият дароварда шаванд. Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки дар доираи Комиссияи муштараки ду кишвар як кумитаи иҷроия таъсис ёбад, то иҷрои тавофуқҳо ва масъалаҳои мувофиқашуда зудтар пайгирӣ шаванд.

Ба ин тартиб, Тоҷикистон ва Эрон талош доранд ҳамкориҳои нақлиётиро аз сатҳи тавофуқҳои сиёсӣ ба лоиҳаҳои мушаххаси транзитӣ ва логистикӣ табдил диҳанд. Амалӣ шудани ин тарҳҳо метавонад барои Тоҷикистон дар мавриди дастрасӣ ба бандарҳои ҷанубии Эрон ва масирҳои байналмилалии боркашонӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.