Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Душанбе барои афзоиши интиқоли нафт аз Эрон инфрасохтор месозад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад доранд ҳаҷми интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ миёни ду кишварро афзоиш диҳанд. Барои ин, Душанбе омодагӣ дорад иқтидорҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори логистикии марбут ба интиқоли чунин борҳоро густариш диҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим баъд аз мулоқот бо вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод гуфт, ки логистика ва роҳҳои интиқоли маҳсулоти нафтӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар рушди ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло миёни Тоҷикистон ва Эрон тақрибан 800 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода мешавад. Аммо пас аз мулоқоти ахир ва оғози фаъолияти гурӯҳи муштараки корӣ, ин ҳаҷм метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Азим Иброҳим гуфт, ки дар ин замина роҳҳои интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз нав баррасӣ шуда, барои зиёд кардани иқтидори интиқол ва логистика тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамчунин, таъкид кард, ки дар сурати афзоиши воридоти нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон, Душанбе барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ бо кишварҳои ҳамсоя низ гуфтушунид хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки рушди роҳҳои интиқол ва инфрасохтори логистикӣ метавонад барои густариши ҳамкориҳои энергетикии Душанбе ва Теҳрон заминаи бештар фароҳам созад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”