27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
17.08.2026 13:48

“Уолл- Стрит Журнал”: Эрон сенарияи густариши ҷангро бо ҳампаймонҳояш баррасӣ мекунад

Рӯзномаи амрикоии “Уолл-Стрит Журнал” иддао кардааст, ки Эрон мушовирони худро барои мулоқот бо гурӯҳҳои ҳампаймони худ дар минтақа ба Ироқ, Яман ва Лубнон фиристодааст, то сенарияҳои эҳтимолии густариши низоъро баррасӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, ин рӯзнома бо такя ба мақомоти огоҳ навиштааст, ки мушовирони эронӣ ба кишварҳои мазкур сафар карда, роҳҳои эҳтимолии васеъ кардани доираи даргириҳо дар минтақаро баррасӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти истихборотии кишварҳои арабӣ нишонаҳоеро пайгирӣ кардаанд, ки аз иртибот миёни Эрон ва гурӯҳҳои ҳампаймони он дар Ироқ, Яман ва Лубнон дарак медиҳанд.

“Уолл-Стрит Журнал” ба нақл аз манобеи худ менависад, ки ин иқдом метавонад нишонаи тағйири равиши стратегии мақомоти Эрон бошад. Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳадаф омода кардани неруҳои ҳампаймон барои эҳтимоли густариши ҷанг ва афзоиши фишорҳо бар Иёлоти Муттаҳида аст.

Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки муҳлати думоҳаи созиши муваққатии миёни Эрон ва ИМА барои расидан ба тавофуқи доимӣ ба поён расидааст. Музокирот, тибқи гузориш, дар пайи ихтилофҳо бар сари иҷрои уҳдадориҳои пешбинишуда ва иддаои монеъасозии ҷониби Амрико ба бунбаст расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Уолл-Стрит Журнал” иддао мекунад, ки мақомоти ҳукумати ИМА пас аз имзои созиши муваққатӣ миёни Доналд Трамп ва Эрон дар моҳи июн талошҳое барои расидан ба тавофуқ анҷом додаанд, ки боз шудани тангаи Ҳурмуз ва поёни тадриҷии ҷангро дар пай дошта бошад.

Ба гуфтаи манобеи эронӣ ва арабии ин рӯзнома, мақомоти Эрон созиши муваққатиро талоши Вашингтон ва Тел-Авив барои коҳиш додани фишор ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ба даст овардани вақт, пеш аз эҳтимоли оғози ҳамлаи густардатар ба Эрон, арзёбӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин, иддаоҳои мазкур аз ҷониби манобеи мустақил тасдиқ нашудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.