Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Уолл-стрит журнал: Трамп дар бораи “амрикоӣ кардани” тангаи Ҳурмуз шӯхӣ кард
“Уолл-стрит журнал” (The Wall Street Journal) бо истинод ба як мақоми аршади Кохи Сафед хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, то кунун бо мушовиронаш дар бораи эълон кардани тангаи Ҳурмуз ба унвони “қаламрави Амрико” гуфтугӯ накардааст ва изҳороти ӯ дар ин маврид бештар ҷанбаи шӯхӣ доштааст.
Ин мақоми аршади Кохи Сафед гуфтааст, ки суханони Трамп дар бораи “эълон кардани тангаи Ҳурмуз ба унвони қаламрави Амрико” ба маънои пешниҳоди сиёсати расмӣ аз сӯйи ҳукумати Вашингтон нест.
Трамп шоми ҷумъа дар як суханронӣ дар Лонг-Айленди иёлати Ню-Йорк гуфта буд, ки ба зудӣ тангаи Ҳурмузро қаламрави Иёлоти Муттаҳида эълон хоҳад кард.
Дар пайи ин изҳорот, Козим Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Тангаи Ҳурмузро на бо твит метавон тасарруф кард, на бо киштии ҳавопаймобар, на бо содир кардани фармон ва на бо суханронии интихоботӣ”.
Ӯ афзудааст: “Эрон на аз таҳдид метарсад ва на бо намоиши қудрат тарсонда мешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”