Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти кишвар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуданд
Имрӯз 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, иншооти мазкур барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳи таълимӣ ва толори маҷлис бо 144 ҷойи нишаст аст.
Ҳамчунин, дар иншооти таълимӣ маркази инкишофи кӯдак барои қабули 60 наврас низ фаъолият мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар муассисаи таълимӣ 45 мутахассиси соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба кор ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 44 омӯзгорро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Расул Усмонзода бунёд гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”