27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
12.08.2026 16:14

Мақомоти Тоҷикистону Корея доир ба рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе табодули афкор намуданд

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» ҷаласаи корӣ доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни ҷаласа аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея, ки татбиқи лоиҳаи мазкурро бар уҳда доранд, рӯнамо баргузор карда шуда, оид ба паҳлуҳои муҳими лоиҳа миёни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  табодули афкор сурат гирифт. 

Манбаъ навиштааст, ки муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати шаҳрҳо масъалаи ташкили низоми нақлиёти бехатар, самаранок, устувор ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аҳамияти рӯзафзун пайдо намудааст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи «Рушди нақлиёти «ҳушманд» дар шаҳри Душанбе, солҳои 2026-2028», ки дар доираи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) таҳия гардидааст, аз ҷониби Консорсиуми Донишкадаи нақлиёти Корея дар ҳайати Донишкадаи нақлиёти Корея, ширкатҳои «Dong Myeong Engineering Consultants», «HD», Донишгоҳи Сеул ва Роҳи оҳани миллии Корея ва дар ҳамкории зич  бо мақомот ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.  

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.