Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳафтае як маротиба. Дар масири Душанбе- Минск-Душанбе парвозҳои мунтазам ба роҳ монда мешавад
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазами мустақимро ҳафтае як маротиба, рӯзҳои шанбе дар масири Душанбе — Минск — Душанбе аз 29-ум август бо ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» оғоз менамояд.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мусофирон имкон доранд чиптаҳои ҳавопайморо дар масири Душанбе — Минск — Душанбе тавассути сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дастрас намоянд.
Манбаъ навиштааст, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе — Минск — Душанбе ба таҳкими робитаҳои нақлиёти ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, рафтуомади бемушкили шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, ки оғоз гардидани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Минск дар ҳолест, ки чанде пеш бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба парки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои навъи«Boeing 737-8 MAX» ворид шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”