Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Meta ба пардохти 567 миллион доллар маҳкум шуд
Як додситон дар иёлати Ню-Мексикои Амрико, ширкати Meta, молики Фейсбук ва Инстаграмро ба пардохти 567 миллион доллар ҷарима маҳкум кард.
“Ройтерз” рӯзи ҷумъа, 7-уми август, гузориш додааст, ки ин ҳукм рӯзи панҷшанбеи ҳамтаи гузашта содир шудааст ва далели он беаҳамиятӣ кардани Meta дар огоҳсозии мардум дар бораи хатарҳои эҳтимолии платформаҳои ин ширкат барои кӯдакон унвон шудааст.
Ин тасмим бузургтарин ҷарима ё ҳукми додгоҳ бар зидди Meta дар як парвандаи марбут ба амнияти кӯдакон дар платформаҳои ин ширкат хонда шудааст.
Meta дар солҳои охир бо парвандаҳои гуногун дар бораи амнияти кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоии худ рӯбарӯ шудааст.
Коршиносон ин ширкатро муттаҳам кардаанд, ки дар пешгирӣ аз осебҳои эҳтимолии бархоста аз истифодаи кӯдакон аз Фейсбук ва Инстаграм хунукназарӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад