Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ултиматуми Пекин ба Вашингтон: ақибнишинӣ кун ё мунтазири посух бош
Вазорати савдои Чин рӯзи панҷшанбе ҳушдор додааст, ки агар Иёлоти Муттаҳида бар тасмими якҷонибаи худ барои манъ кардани воридоти роботҳо ва табдилдиҳандаҳои нави барқии чинӣ исрор варзад, Пекин “қотеъона иқдоми ҷавобӣ” хоҳад кард ва аз манофеи худ дифоъ хоҳад намуд.
Ин вазорат аз Вашингтон хостааст, ки фавран ин маҳдудиятҳоро лағв карда, ба гуфтаи Пекин, ба “иқдомҳои нодуруст”-и худ поён диҳад. Ба гуфтаи мақомоти чинӣ, ин маҳдудиятҳо ширкатҳо ва маҳсулоти чиниро мавриди табъиз қарор дода, онҳоро саркӯб мекунад.
Комиссияи федералии иртибототи Амрико (FCC) рӯзи сешанбе эълом кард, ки барои муҳофизат аз зерсохтҳои ҳуши маснуъии ин кишвар дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ва боз гардондани саноатҳои калидӣ ба дохили Амрико, маҳдудиятҳои наверо ҷорӣ кардааст.
Вазорати савдои Чин мегӯяд, ки Комиссияи федералии иртибототи Амрико эътирозҳои такрории Пекинро нодида гирифта, ба густариши маҳдудиятҳо алайҳи ширкатҳои чинӣ идома медиҳад.
Ин вазорат ҳамчунин, Амрикоро ба тавсеаи мафҳуми “амнияти миллӣ” муттаҳам карда, ин сиёсатро “рафтори якҷониба” ва намунае аз ихтилол дар бозор хондааст. Ба гуфтаи мақомоти чинӣ, ин иқдомҳо манофеи саноати ҳарду кишварро нодида мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”