27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
30.07.2026 10:10

Аксиос: Вазири дифои Арабистони Саудӣ як рӯз пас аз Нетаняҳу ба Кохи Сафед рафт

Расонаи “Аксиос” ба нақл аз як мақоми амрикоӣ ва як манбаи огоҳ гузориш додааст, ки Холид ибни Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ, рӯзи чоршанбе, як рӯз пас аз сафари сарвазири Исроил ба Вашингтон, бо президенти Иёлоти Муттаҳида дар Кохи Сафед мулоқот кардааст.

Бар асоси ин гузориш, мулоқоти вазири дифои Саудӣ бо президенти Амрико пас аз дидори ӯ бо Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА, ба барномаи сафараш изофа шудааст. Манбаъҳо мегӯянд, ки Холид ибни Салмон дар ин мулоқот паёми “Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро, дар бораи ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон ва таҳаввулоти минтақа ба мақомоти амрикоӣ расондааст.

Ба гуфтаи манбаи огоҳ, вазири дифои Саудӣ дар суҳбат бо Вэнс таъкид кардааст, ки Риёз хостори коҳиши таниш бо Эрон аст. Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳамлаҳои гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ба зерсохтҳо ва таъсисоти энержии Арабистони Саудӣ аз “хатти сурх” гузаштааст ва подшоҳӣ худро маҷбур ба вокуниш дидааст.

Ба иддаои Аксиос, Холид ибни Салмон ба муовини президенти Амрико гуфтааст, ки ҳамлаҳои ахир ба маънои тамоюли Риёз ба ташдиди таниш нест, балки нишон медиҳад, ки Арабистони Саудӣ дар сурати зарурат аз худ дифоъ хоҳад кард.

Ин гузориш меафзояд, ки сафари вазири дифои Саудӣ қарор буд ҳафтаи гузашта анҷом шавад, аммо ба далели ҳамлаҳои ахир дар Ироқ ба таъхир афтод.

Рӯзи сешанбе, неруҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ ва Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) ҳамлаҳое алайҳи мавқеъҳои гурӯҳи “Ҳашд-аш-Шаъбӣ” дар Ироқ анҷом доданд. Ин гурӯҳ ҳамлаҳоро “амалиёти муштараки террористӣ” хонда, онро нақзи ҳокимияти миллии Ироқ арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи манбаи огоҳ, вазири дифои Саудӣ ҳамчунин, ба мақомоти амрикоӣ гуфтааст, ки сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, ба дунболи ташдиди таниш бо Эрон аст, дар ҳоле ки Риёз роҳи коҳиши танишро барои суботи минтақа муассиртар медонад.

Бар асоси ин гузориш, Холид ибни Салмон дар мулоқот бо Вэнс инчунин, гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ қодир аст вазъро бо “Ансоруллоҳ”-и Яман идора кунад ва дар ҳоли ҳозир ба дахолати низомии Иёлоти Муттаҳида ниёз надорад. Манбаи “Аксиос” ҳамчунин, иддао кардааст, ки мақомоти саудӣ ҳамзамон бо Ансоруллоҳ дар ҳоли музокира ҳастанд.

То кунун Кохи Сафед ва дафтари муовини президенти Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот изҳори назар накардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.