Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Мақоми ироқӣ Украинаро ба дахолат дар Ироқ муттаҳам кард
Қосим ал-Убудӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ, бо муттаҳам кардани Украина ба дахолат дар Ироқ гуфтааст, ки иттилооти тоза ба ин мавзуъ ишора дорад.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи сешанбе, 28-уми июл, гузориш додааст, ки Қосим ал-Убудӣ ин мавзуъро дар як расонаи маҳаллии ироқӣ матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, ӯ гуфтааст, ки “ҳастаҳои вобаста ба Украина” амалиёти бомбгузорӣ алайҳи таъсисоти давлатии Ироқро анҷом додаанд.
Ал-Убудӣ гуфтааст: “Мо гурӯҳи кӯчаке аз афродро боздошт кардем, ки эътироф карданд барои Украина кор мекарданд. Онҳо бархе аз таъсисоти давлатии Ироқро бо бомбгузорӣ ҳадаф қарор доданд”.
Бо ин ҳол, ӯ дар ин замина тавзеҳи бештаре надодааст ва Украина низ то кунун ба таври расмӣ дар бораи изҳороти ин мақоми ироқӣ мавзеъе нагирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”