Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Парвози ҳавопаймои Нетаняҳу ба Амрико бар асари парвози паҳподҳои ношинос ба таъхир афтод
Манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки ҳавопаймои ҳомили Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, пас аз чанд соат таъхир бар асари парвози паҳподҳои ношинос дар наздикии марзҳои ин кишвар, аз пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Нақаб ба сӯйи Вашингтон парвоз кардааст.
Ба гузориши “Таймз оф-Исроил” (The Times of Israel), артиши Исроил эълом кардааст, ки ду паҳподро, ки дар минтақаи марзӣ бо Урдун шиносоӣ шуда буданд, раҳгирӣ кардааст. Пас аз ин ҳодиса, ҳавопаймои Нетаняҳу иҷозаи парвоз гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори шабакаи “Ал-Арабия” гузориш додааст, дафтари нахуствазири Исроил қаблан бидуни ироаи тавзеҳ эълом карда буд, ки парвози Нетаняҳу, ки қарор буд соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ анҷом шавад, ба таъхир афтодааст.
Бар асоси гузоришҳо, ин ду паҳпод пеш аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Исроил суқут дода шудаанд. То кунун манбаи партоби онҳо мушаххас нашудааст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Қарор аст Бенямин Нетаняҳу рӯзи сешанбе дар Кохи Сафед бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дидор ва гуфтугӯ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”