27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
25.07.2026 16:09

“Ню-Йорк Таймз”: Артиши Амрико тавони ҷанг дар ду ҷабҳаро надорад

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” (The New York Times) гузориш додааст, ки дар ҳоле ки давлати Доналд Трамп имкони оғози ҳамла ба ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яманро баррасӣ мекунад, неруҳои Амрико дар Ховари Миёна пас аз тақрибан 14 шаби ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон зери фишори ҷиддӣ қарор гирифтаанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳусиҳо ахиран, пас аз эълони муҳосираи Арабистони Саудӣ, аз ҳадаф қарор додани ду нафткаши саудӣ дар Баҳри Сурх хабар додаанд.

Дар гузориш омадааст, ки Доналд Трамп Эронро масъули ҳар гуна ҳамлаҳои минбаъдаи ҳусиҳо дониста, ҳушдор додааст, ки ҷангро ба ин гурӯҳ низ густариш хоҳад дод. Ба навиштаи “Ню-Йорк Таймз”, чунин иқдом нахустин амалиёти низомӣ алайҳи ҳусиҳо пас аз бомбаборони 52-рӯзаи Яман дар як соли пеш хоҳад буд.

Фармондеҳони пешини артиши Амрико гуфтаанд, ки ҷанг ҳамзамон дар ду ҷабҳа бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла дар бахши омодагии неруҳои размӣ, ҳамроҳ хоҳад буд.

Бино ба ин гузориш, Амрико беш аз 12 киштии ҷангӣ, аз ҷумла ду киштии ҳавопаймобар, ҳамроҳ бо даҳҳо ҳавопаймои ҷангиро дар Баҳри Араб мустақар кардааст. Ҳамчунин, мақомоти низомӣ гуфтаанд, ки Пентагон ҷангандаҳои иловагии “F-16”-ро аз Олмон ва ҷангандаҳои пинҳонкори “F-35”-ро аз Британия ба минтақаи Халиҷи Форс интиқол медиҳад.

“Ню-Йорк Таймз” менависад, Доналд Трамп пештар таҳдид карда буд, ки бо ҳадаф қарор додани пулҳо, неругоҳҳо ва дигар зерсохтҳои ғайринизомии дорои истифодаи дугона, ҷанг алайҳи Эронро ба таври назаррас шиддат хоҳад дод. Ба навиштаи рӯзнома, ҳамзамон анҷом додани чунин ҳамлаҳо ва азсаргирии амалиёт алайҳи ҳусиҳо тавони неруи ҳавоии Амрикоро бо чолиш рӯбарӯ мекунад.

Одам Клементс, намояндаи пешини низомии Амрико дар Яман, гуфтааст: “Саволи асосӣ ин аст, ки оё Амрико бояд ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи ҳусиҳо аз сар бигирад ва чаро? Вашингтон аз чунин иқдом чӣ ба даст хоҳад овард?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои нав ба ҷуз дастовардҳои кӯтоҳмуддат ва маҳдуд натиҷаи дигаре нахоҳанд дошт ва танҳо ҳусиҳоро барои иқдомҳои ҷавобӣ ҷасуртар хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони минтақа низ ба ин боваранд, ки ҳусиҳо дар ҳоли ҳозир ба дунболи ташдиди даргирӣ бо Амрико нестанд, ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, пешгӯии рафтори ин гурӯҳ ҳамчунон душвор аст.

Дар идомаи гузориш омадааст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо киштии ҷангии “USS Gonzalez” дар Баҳри Сурх ҳузур дорад. Ба навиштаи рӯзнома, ҷанги ахир бо Эрон бахши зиёди мушакҳои болдор ва муҳимоти дақиқзанандаи Амрикоро масраф кардааст ва ҳамин масъала метавонад барои анҷоми амалиёти густурда алайҳи ҳусиҳо маҳдудият эҷод кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.