27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
25.07.2026 11:59

Раиси пешини CIA: Эрон дар баробари Амрико таслим нахоҳад шуд

Леон Панетта, раиси пешини Агентии марказии истихборотии ИМА (CIA), бо интиқод аз идомаи ҷанги Вашингтон алайҳи Эрон гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар як “бунбасти амиқ” қарор гирифта ва ин ҷанг тадриҷан ба ботлоқе монанди ҷанги Ветнам табдил мешавад.

Леон Панетта, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама раҳбарии CIA-ро бар уҳда дошт, дар мусоҳиба бо шабакаи “Си-эн-эн” (CNN) гуфтааст, ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад ҷангҳои тӯлонӣ ва бепоён ҳеч гоҳ анҷоми хубе надоранд.

Ӯ, ки қаблан вазири дифои Амрико низ буд, аз сиёсати низомии Доналд Трамп дар қиболи Эрон интиқод карда, гуфтааст, ки Кохи Сафед бидуни ҳадаф ва роҳбурди рӯшан вориди ҷанги фарсоишӣ шудааст.

Ба гуфтаи Панетта, Трамп ҳамчунон ба ҳамлаҳои низомӣ идома медиҳад, дар ҳоле ки арзёбиҳои ниҳодҳои истихборотӣ нишон медиҳанд, ки ин ҳамлаҳо Эронро водор ба ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки идомаи ҷанг барои шаҳрвандони Амрико паёмадҳои иқтисодии ҷиддӣ ба бор овардааст. Ба гуфтаи вай, болоравии нархи нафт ва афзоиши хароҷоти зиндагӣ фишори зиёдеро бар мардум ворид кардааст.

Панетта ёдовар шудааст, ки Доналд Трамп дар оғози ҷанг гуфта буд, ки даргириҳо чаҳор ё панҷ ҳафта идома хоҳанд кард, аммо акнун наздик ба панҷ моҳ аз оғози ҷанг гузаштааст ва нишонае аз поёни он дида намешавад.

Раиси пешини CIA афзудааст, ки дурнамои хатми ҷанг “умедбахш нест” ва ба гуфтаи ӯ, Трамп амалан дар бунбаст қарор гирифта, дар ҷустуҷӯи роҳи берун шудан аз ин вазъият аст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки бархе аз ҷумҳурихоҳон низ нисбат ба идомаи ҷанг бо Эрон нигаронӣ кардаанд. Шелли Мур Капито, раиси Кумитаи сиёсати ҷумҳурихоҳони Сенат, гуфтааст, ки мардуми Амрико тадриҷан аз ин ҷанги тӯлонӣ хаста мешаванд.

Ҳамчунин, Ҷим Ҷастис, сенатори ҷумҳурихоҳ, бо ишора ба кушта шудани се низомии амрикоӣ дар рӯзҳои ахир гуфтааст, ки аз афзоиши талафоти неруҳои амрикоӣ нигарон аст.

Ҳамзамон, тибқи гузориш, ҳимоят аз идомаи ҷанг дар миёни ҳаводорони Доналд Трамп низ коҳиш ёфтааст. Бар асоси арзёбиҳои ахир, тақрибан аз ҳар панҷ ҳаводори ҷараёни “MAGA” як нафар бар ин бовар аст, ки ҷанг бояд, сарфи назар аз хароҷоти он, ҳарчи зудтар поён дода шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.