Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Кумаки Сарвари давлат ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Рушон расид
Хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар дод, ки кумаки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рушон расид.
Манбаъ навиштааст, ки кумаки Пешвои миллат аз масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳо ва маводи хӯрокворӣ иборат аст.
Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш доданд, ки бо мақомоти дахлдори ҳокимияти марказии кишвар дар 1 моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рушонро пурра бартараф намуда, ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрушон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар умум 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”