Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Суҳбати телефонии Роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон
Имрӯз, 24-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, дар оғози суҳбат Президенти мамлакат бо таманниёти сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ, президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрик гуфтанд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз азми қатъии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Узбекистон дар рӯҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷадвали вохӯриҳо ва тамосҳои дарпешистодаро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”