Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Супориши Президент: "Дар як моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшон пурра бартараф карда шавад"
22-юми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат ҳисоботи раиси вилоят доир ба рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон шунида шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти марказии кишвар дар муҳлати 1 моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшонро пурра бартараф намуда, ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.
"Таъкид гардид, ки супоришҳои дахлдор ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ низ дода шуда, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад", - наивштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”