Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Ҷанги Амрико бо Эрон то имрӯз ҳудуди 38 миллиард доллар харҷ доштааст
Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Иёлоти Муттаҳида, иддао кардааст, ки ҷанги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Эрон то кунун 37.5 миллиард доллар барои Вашингтон харҷ доштааст.
“Рейтерз” шаби сешанбе, 21-уми июл, гузориш додааст, ки вазири ҷанги Амрико барои нахустин бор аз замони азсаргирии бомбаборонҳои сангин алайҳи Эрон, бо намояндагони Конгресси Амрико рӯбарӯ шудааст.
Бар асоси гузориш, Пит Ҳегсет дар ҷаласае дар Вашингтон ба намояндагони Маҷлис гуфтааст, ки 37.5 миллиард доллар шомили ҷанбаҳои хоси ҷанг ва ҳамчунин, харҷҳои пешбинишуда то 30-уми сентябр аст.
Пеш аз ин, давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тахмин зада буд, ки шаш моҳи нахусти ҷанг дастикам беш аз 11 миллиард доллар харҷ доштааст.
Бо ин ҳол, аз замони шуруи таҷовузи Эрон тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар 28-уми феврал, қонунгузорони ҷумҳурихоҳ ва демократ аз ин шикоят доштаанд, ки Трамп ва тими ӯ онҳоро дар ҷараёни ин даргирӣ ё барномаҳои ӯ қарор надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад