Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Ал-Ҷазира: Қатар пас аз ҳамлаҳои Эрон аз “фишанги дипломатӣ”-и худ дар Созмони Милали Муттаҳид истифода мекунад
Қатар дар пайи ду ҳамлаи ахири Эрон, дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Шурои Амнияти ин созмон, хостори таваққуфи фаврии ҳамлаҳои Эрон ба хоки ин кишвар шудааст.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи сешанбе, 21-уми июл, гузориш додааст, ки Қатар дар ин нома ҳамлаҳои ёдшударо бо шадидтарин лаҳни мумкин маҳкум карда, ҳамчунин, хостори пардохти ҷуброн аз сӯйи Эрон шудааст.
Қатар ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳаққи посух додан ба ин ҳамлаҳоро ба ҳар шевае, ки муносиб бидонад, барои худ маҳфуз медонад.
Бар асоси ин гузориш, нахустин ҳамла 7-уми июл рух додааст: замоне ки як киштии қатарӣ талош мекард аз тангаи Ҳурмуз убур кунад ва ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Рӯйдоди дувум низ ба ҳамлаи мушакии болистикии Эрон ба Қатар дар 12-уми июл марбут мешавад. Ба навиштаи расонаҳои Қатар ин мушакҳо раҳгирӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад